
Ба гузориши «ИҚНО», Вазорати Авқофи Миср барои ироаи иттилоот дар бораи 32-умин мусобиқаи байналмилалии Қуръон, шайх Аҳмад Муҳаммад ас-Сайд Салим Мансурро муаррифӣ намуд, ки яке аз қориёни муосири Миср ва аъзои Комитети доварии ин даври мусобиқаҳо мебошад.
Шайх Аҳмад Муҳаммад ас-Сайд Салим дар 3 сентябри соли 1984 таваллуд шудааст. Вай бо муҳаббат ба илмҳои Қуръонӣ калон шудааст ва дар масири қироат ва тиловат пешрафт намуда, ба яке аз коршиносони барҷаста дар таълим ва доварии мусобиқаҳои Қуръон табдил ёфтааст.
Шайх Аҳмад аъзои Комитети бознигарии Қуръон дар Маҷмаи Пажӯҳишҳои Исломии Ал-Азҳар мебошад. Вай раисии Маркази тиловати Қуръон дар Масҷиди Ҷомеи Ал-Азҳар ва Маркази тиловати Қуръон дар Масҷиди Сайида Зайнаб (с) ва Вазорати Авқофи Мисрро бар ӯҳда дорад. Шайх Аҳмад ҳамчунин раисии Академияи омӯзишҳои Қуръонӣ «Тайиба»-ро низ бар дӯш дорад.
Шайх Аҳмад сухангӯи Академияи таълими имомон ва пажӯҳишгарони Ал-Азҳар ва қорӣ ва муаллими қироатҳои даҳгонаи Қуръон мебошад. Вай ҳамчунин роҳбарии Маркази ҳифз ва тиловати Қуръон «Ал-Маҳир» ро бар ӯҳда дорад ва аъзои Комитети доварии мусобиқаҳои гуногуни Қуръон дар Миср ва хориҷ аз он аст.
Вай аз муҳаррирон ва муаллимони машҳури Қуръонии Миср истифода кардааст ва дар ҳузури онҳо тиловат намудааст ва инчунин аъзои Комитети доварии мусобиқаҳои Қуръон, аз ҷумла мусобиқаи Ал-Азҳар, мусобиқаи «Баҳори дилҳо» дар Миср ва Комитети доварии мусобиқаи «Атри Калом» дар Саудӣ буда аст.
Шайх Аҳмад ҳамчунин фаъолиятҳои илмиро низ дар корномаи худ дорад ва иштирок дар таълиф кардани китоб «Сафинаи Қораъ», ки барои таҳрири қироатҳои савъи Қуръон дар назар дошта шудааст, ва бознигарии китобҳои Қуръон дар Маркази Пажӯҳишҳо ва Мероси «Тайиба», аз ҷумла «Нигоҳе ба таърихи қироат ва таълими Қуръон дар Миср» низ аз фаъолияти дигари ӯ мебошад.
Вай дар лоиҳаи «Қуръони миллии Миср» (Мусҳаф-и Миср) бо ҳамкории Сандуқи муҳандисии Нерӯҳои Мусаллаҳи Миср ширкат дошта ва аз соли 2018 то имрӯз дар Комитети бознигарии Қуръон дар Маҷмаи Пажӯҳишҳои Исломии Ал-Азҳар, бознигарии садҳо нусхаи Қуръонро пеш аз чоп анҷом додааст.
4321462