IQNA

Ҳодисаи Сидней ва сенариясозии Исроил аз таҳдиди амниятии яҳудиён

12:21 - December 17, 2025
рақами хабар: 4230
Ба гуфтаи таҳлилгарон, нахуствазири режими саҳюнистӣ бо пайванд додани ҳодисаи Сидней ба эътирозҳои зидди ҷанг дар Ғазза, аз таҳдиди амниятии яҳудиён дар Ғарб сӯиистифодаи сиёсӣ карда, ба сенариясозӣ мепардозад.

Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз «Ал-Ҷазира», ҳамлае, ки яҳудиёнро дар ҷашни иди Ҳанука дар минтақаи маъруфи Бонди-Бич дар наздикии Сидней ҳадаф қарор дод ва боиси талафоти ҷонӣ гардид, вокунишҳои густардаи сиёсӣ ва расонаиро ба дунбол дошт ва баҳсеро дар бораи паёмадҳо ва заминаҳои истифода аз он дар ҷанги миёни Фаластин ва Исроил оғоз кард.

Дар ҳоле ки мақомоти Австралия бар таърифи ончи рух додааст ҳамчун як ҷинояти қобили сарзаниш, ки ниёзманди таҳқиқ ва баррасӣ мебошад, таъкид доранд, Исроил ба суръат ин ҳамларо ба яҳудиситезӣ ва ба расмият шинохтани кишвари Фаластин марбут донист, ки боиси тафсирҳои гуногун аз ҳадафҳои он гардид.

Доктор Ротиб Ҷунайд, раиси Федератсияи маҷолиси исломӣ дар Австралия, дар барномаи «Фаротар аз хабар»-и шабакаи Ал-Ҷазира бо баёни ин ки ин ҳамла бояд аз ҳар гуна баҳрабардории сиёсӣ ҷудо шавад, таъкид кард, ки ҳадаф қарор додани ғайринизомиён, сарфи назар аз ангезаҳои он, қобили қабул нест.

Ин мавқеъ ҳамзамон бо маҳкумиятҳои густардаи динӣ ва иҷтимоӣ дар Австралия ҳамроҳ буд, ки бар ҳифзи бофтаи иҷтимоӣ таъкид доштанд ва бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти авзоъ пас аз ҷанги ҷорӣ алайҳи Ғазза, ҳар гуна таҳмили масъулияти амалҳои инфиродӣ ба ҳар гурӯҳ ё мавқеи сиёсиро рад мекарданд.

Бо ин ҳол, масире, ки режими Исроил дар бархӯрд бо ин ҳодиса интихоб кардааст, ба сӯи густариш додани паёмадҳои он меравад; амре ки нозирон онро бахше аз сиёсати маъмулии Исроил медонанд, ки мекӯшад ҳар гуна хушунатеро, ки берун аз марзҳои он рух медиҳад, ба гӯфтони ҷаҳонии яҳудиситезӣ пайванд диҳад.

Сӯиистифодаи сиёсӣ аз сӯи Нетаняҳу

Муҳанд Мустафо, устоди донишгоҳ ва коршиноси умури Исроил, бар ин бовар аст, ки Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, бо пайванд додани ин ҳодиса ба эътирозҳои зидди ҷанг дар Ғазза, аз он сӯиистифодаи сиёсӣ карда ва кӯшидааст ин ҳаракатҳоро ҳамчун таҳдиди амниятӣ барои яҳудиён дар Ғарб ба тасвир кашад.

Бар асоси ин таҳлил, ин иртибот дар замоне сурат мегирад, ки Сидней мавқеъгириҳои расмие ихтиёр кардааст, ки бо сиёсатҳои Исроил дар тазоданд; аз ҷумла ба расмият шинохтани кишвари Фаластин ва иҷозат додан ба баргузории тазоҳуроти густарда дар ҳимоят аз Ғазза, ки ин кишварро ҳадафи мустақими интиқодҳои Исроил қарор додааст.

Бо ин вуҷуд, ҷузъиёти худи ин ҳодиса ин гӯфторро печидатар кард; пас аз он ки таҳқиқот нишон дод марде, ки бо яке аз ҳамлагарон рӯ ба рӯ шуда ва силоҳи ӯро тасоҳуб кардааст, мусалмон будааст; саҳнае, ки бо таҳсини густарда дар ҷомеаи Австралия рӯ ба рӯ шуд.

Ин ҷузъиёт, тавоноии Исроилро дар ироаи ин ҳодиса ҳамчун далеле бар ташдиди душмании мазҳабӣ коҳиш дод ва хатари таъмими сиёсиро дубора барҷаста сохт.

captcha