Ба гузориши ИКНО ба нақл аз Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳамзамон бо Арбаини Ҳусайнӣ маросими азодорӣ бо ҳузури ҷамъи зиёде аз ҳайатҳои донишҷӯӣ субҳи рӯзи гузашта дар ҳузури раҳбари Инқилоби Исломии Эрон баргузор шуд. Дар ин маросим барои ҳазрати Эмом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон марсия сароӣ ва зиёрати Арбаин низ қароъат шуд.
Дар ин маросим ҳамчунин Рустамӣ, раиси намояндагии валиифақиҳ дар донишгоҳҳо дар суханоне ба табйини рамзи мондагории ҳодисаи Карбало ва вазифаи Арбаинии раҳравони он ҳазрат дар асри ҳозир, ба эроди сухан пардохт.
Дар поёни ин маросим намози ҷамоати зуҳру аср ба имомати раҳбари инқилоб баргузор шуд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар суханони кӯтоҳе дар миёни ду намоз, ҳар як аз маҷолиси азодорӣ ва тавассул ба Эмом Ҳусайн (а)-ро заминаи иттисолу иртибот бо нӯри лоязоли маънавият ва машъали фурӯзони Ҳусайнӣ ва роҳгушо хонданд ва таъкид карданд: муҳимтарин мавзӯъ, ҳифзи ин иттисол ва иртибот бо сироти мустақим аст, ки лозимаи он ирода ва истиқомат аст.
Эшон афзуданд: агар истиқомат кардед, қулларо фатҳ хоҳед кард ва ба қуллаи ҳокимияти динии Худо ва ҳокимияти ҳаққу адл хоҳед расид.
Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон бо таъкид бар инки ҷавонон мояи умед ҳастанд, ба ҳузури пуршукӯҳи мардум бавижа ҷавонон дар роҳпаймоии Арбаин аз Наҷаф то Карбало ва ҳамчунин дар дигар шаҳрҳои кишвар ишора карданду хитоб ба ҷавонон гуфтанд: ҳамонгуна, ки дар масири роҳпаймоии Арбаин бо истеҳком ҳаракат кардед, дар роҳи ҳокимияти тавҳид низ мустаҳкаму ҳамроҳ бо ирода бошед ва ҳамеша Ҳусайнӣ зиндагӣ кунед ва Ҳусайнӣ бимонед.