IQNA

Амалҳои моҳи Раҷаб; шомили нидои «Айн-ар-раҷабийюн» гардем

10:25 - December 22, 2025
рақами хабар: 4247
Моҳи Худо аз фардо оғоз мешавад; моҳе, ки ғусл кардан, зиёрати Имом Ҳусайн (а) ва рӯза доштан дар он боис мегардад, ки ҳангоме дар рӯзи Қиёмат нидо дода мешавад: «Айн-ар-раҷабийюн?» (раҷабиён куҷоянд?), бо шодӣ ва сурур худро аз ҷумлаи хитобшудагони ин нидо бидонем.

Ба гузориши ИҚНО, аз фардо — душанбе, якуми моҳи дай — моҳи шарифи Раҷаб оғоз меёбад. Моҳае, ки Расули Худо (с) дар бораи он фармудаанд: «Раҷаб моҳи Худост, Шаъбон моҳи ман аст ва Рамазон моҳи уммати ман аст».
Дар ҳадиси дигаре Расули Худо (с) дар фазилати ин моҳ фармудаанд:
«Раҷаб моҳи Худост; дар ин моҳ Худованд раҳмати худро бар бандагонаш мерезад».
(Уюну ахбор-ир-Ризо, ҷ. 2, саҳ. 71)

Касонеро, ки ҳурмати моҳи Раҷабро риоя мекунанд ва ба амалҳои он амал менамоянд, «раҷабиён» меноманд. Дар рӯзи Қиёмат фариштае нидо медиҳад: «Айн-ар-раҷабийюн?» — куҷоянд касоне, ки моҳи Раҷабро гиромӣ доштанд ва амалҳои онро ба ҷо оварданд?

Дуоҳои шаби аввали моҳи Раҷаб

Мустаҳаб аст ҳангоми дидани ҳилоли моҳи Раҷаб ин дуо хонда шавад:
«Эй Худо, ба мо дар Раҷаб ва Шаъбон баракат деҳ ва моро ба моҳи Рамазон бирасон ва бар рӯза доштан, шабзиндадорӣ, нигаҳдории забон ва поин андохтани нигоҳ ёрӣ фармо ва насиби моро дар ин моҳ танҳо гуруснагӣ ва ташнагӣ қарор мадеҳ».
(Иқбол бил-аъмол-ил-хасана, ҷ. 3, саҳ. 173)

Ҳамчунин мустаҳаб аст инсон пас аз намози хуфтан бигӯяд:
«Эй Худо, аз Ту хоҳиш мекунам, ба он хотир ки Ту подшоҳӣ ва бар ҳар чиз қодир ҳастӣ ва ҳар чӣ бихоҳӣ воқеъ мегардад. Эй Худо, ман ба сӯи Ту бо Паёмбарат Муҳаммад (с), паёмбари раҳмат, рӯ меоварам. Эй Муҳаммад, эй Расули Худо, ман бо ту ба сӯи Худо — Парвардигори худ ва Парвардигори ту — рӯ меоварам, то ба василаи ту хоҳиши маро бароварда созад. Эй Худо, ба ҳаққи Паёмбарат Муҳаммад ва имомон аз аҳли байти ӯ, ҳоҷати маро бароварда гардон».
(Иқбол бил-аъмол-ил-хасана, ҷ. 3, саҳ. 175)

Сипас ҳоҷатҳои худро аз Худованд талаб намояд. Ҳамчунин хондани дуои «Ё ман арҷӯҳу ли-кулли хайр…» дар рӯзҳо ва шабҳои ин моҳ тавсия шудааст.

Ғусл

Паёмбари гиромии Ислом (с) фармудаанд:
«Ҳар кас моҳи Раҷабро дарк кунад ва дар аввали моҳ, миёнаи моҳ ва охири моҳ ғусл намояд, аз гуноҳонаш пок мешавад, монанди рӯзе ки аз модар таваллуд шудааст».

Зиёрати Имом Ҳусайн (а)

Зиёрати Имом Ҳусайн (а) ва хондани намози махсуси шаби аввали моҳи Раҷаб — ки пас аз намози мағриб 20 ракъат (яъне 10 намози ду ракъатӣ) хонда мешавад — аз дигар амалҳои тавсияшудаи ин шаб аст.

Шабзиндадорӣ

Шаби аввали моҳи Раҷаб яке аз чаҳор шабест, ки истиҳбоби эҳё (бедор мондан барои ибодат) дар он бисёр таъкид шудааст.

Амалҳои рӯзи аввали моҳи Раҷаб

Рӯза: Ривоят шудааст, ки ҳазрати Нуҳ (а) дар ин рӯз ба киштӣ савор шуд ва ба ҳамроҳонаш фармуд рӯза бигиранд. Ҳар кас ин рӯзро рӯза бидорад, оташи дӯзах як сол аз ӯ дур мегардад.

Амалҳои муштараки ҳамаи рӯзҳои моҳи Раҷаб

Дар тамоми рӯзҳои моҳи Раҷаб метавон ин дуоро хонд:
«Эй Он ки ҳоҷатҳои хоҳишмандонро дар ихтиёр дорад ва аз рози хомӯшон огоҳ аст; барои ҳар дархост аз ҷониби Ту шунавоии ҳозир ва ҷавоби омода ҳаст. Эй Худо, ваъдаҳои Ту рост, неъматҳоят фаровон ва раҳматат густарда аст; аз Ту хоҳиш мекунам бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад дуруд фиристӣ ва ҳоҷатҳои маро дар дунё ва охират бароварда созӣ, зеро Ту бар ҳар чиз қодир ҳастӣ».

Ҳамчунин Паёмбар (с) фармудаанд:
Ҳар кас дар моҳи Раҷаб 100 маротиба бигӯяд:
«Астагфируллоҳаллазӣ ло илоҳа илло Ҳува, ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва атубу илайҳ»,
ва дар поён садақае диҳад, Худованд дар кори ӯ омурзиш ва раҳмат насиб мегардонад. Ва ҳар кас онро 400 маротиба бигӯяд, фазилати шаҳидонро дорад.
Низ фармудаанд: ҳар кас дар моҳи Раҷаб ҳазор маротиба «Ло илоҳа иллаллоҳ» бигӯяд, савоб ва некӣҳои бисёре барои ӯ навишта мешавад.

Дар ривоятҳо омадааст: ҳар кас дар моҳи Раҷаб, субҳгоҳон 70 маротиба ва шабонгоҳон 70 маротиба бигӯяд:
«Астагфируллоҳ ва атубу илайҳ»,
ва баъд дастҳои худро боло бурда бигӯяд:
«Эй Худо, маро биомурз ва тавбаи маро бипазир»,
агар дар ҳамон моҳи Раҷаб аз дунё биравад, ризоият ва хушнудии Худованд насиби ӯ хоҳад шуд.

Савоби рӯза доштан дар моҳи Раҷаб

Паёмбар (с) фармудаанд:
«Ҳар кас як рӯз аз моҳи Раҷаб рӯза бидорад, сазовори хушнудии бузурги Худо мегардад, хашми илоҳӣ аз ӯ дур мешавад ва яке аз дарҳои дӯзах ба рӯи ӯ баста мегардад».

4324092

captcha