IQNA

Рақамисозии қироатҳои Мустафо Исмоил аз ҷониби хонавода

17:40 - December 25, 2025
рақами хабар: 4261
Набераи устод Мустафо Исмоил аз рақамӣ шудани қироатҳои сабтшудаи бобояш хабар дод ва гуфт, ки ин қироатҳо аз дохил ва хориҷи Миср ҷамъоварӣ шудаанд.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз «Садо ал-Балад», Ало Ҳаснӣ, набераи шайх Мустафо Исмоил — қории марҳуми мисрӣ — рӯзи 2-юми дей дар изҳороти телевизионӣ гуфт: хонавода ҳар сол ёди ин қории мисриро гиромӣ медоранд.

Ӯ афзуд: давраи ахир барои онҳо давраи вижае будааст, зеро тавонистаанд ҳамаи қироатҳои сабтшуда ва мероси пурраи садоии ин қории мисриро — ҳам радиёӣ ва ҳам ғайрирадиёӣ — дар дохили Миср ва берун аз он ҷамъоварӣ кунанд ва бо созмондиҳӣ ва тартиб додан, онҳоро аз сабтҳои аналогӣ (садои табиӣ, ки аз микрофон ва наворҳои кассета гирифта мешуд) ба шакли рақамӣ табдил диҳанд, то ба як бойгонӣ барои уммати исломӣ мубаддал гардад.

Ало Ҳасанӣ таъкид кард: ин қироатҳои сабтшуда ба Радиои Миср эҳдо шуда, моҳи Рамазони гузашта аз ин расона пахш гардиданд ва мо ваъда додем, ки қироатҳои сабтшудаи бештареро низ эҳдо мекунем, то ин мерос барои наслҳои оянда дастрас бошад.

Набераи Мустафо Исмоил ёдовар шуд, ки бо Аҳмад ал-Муслимонӣ, раиси Ҳайати миллии расонаҳои Миср, дидор доштааст ва ӯ аз вай хостааст, ки ашё ва мероси шахсии устод Мустафо Исмоилро барои нигоҳдорӣ ба Осорхонаи қориёни мисрӣ эҳдо намояд.

Ало Ҳасанӣ бо нақли дидорҳои устод Мустафо Исмоил бо қориёни бузурги мисрӣ афзуд: яке аз онҳо шайх Муҳаммад ас-Сайфӣ буд, ки садои шайхро зеботарин садое номид, ки дар тамоми умраш шунида буд. Мақоми баланди шайх боис шуд, ки шоҳ Форуқ (яке аз подшоҳони вақти Миср) ба ӯ таваҷҷуҳ кунад ва дар қаср барои қироат дар моҳи Рамазон мизбонияш намояд.

Набераи шайх ҳамчунин баъзе аз рӯйдодҳои қобили таваҷҷуҳи зиндагии бобояшро, аз ҷумла ду рӯёеро, ки як ҳафта пеш аз вафоташ дида буд, бозгӯ кард. Дар рӯъёи аввал, ӯ худро дар ҳоли гаштугузор дар биҳишт ва мулоқот бо Паёмбари акрам (с) дида буд. Дар рӯъёи дувум, маҳалли дафни худро дар боғаш дидааст, ки бо иҷозати раисиҷумҳури вақти кишвар ин рӯъё амалӣ шуда, баъдтар дар он ҷо масҷиде бунёд гардид.

Ӯ ҳамчунин ба орзуи шайх барои зиёрати Масҷидул-Ақсо ишора кард, ки бо даъвати Анвар Содот, раисиҷумҳури вақти Миср, барои иқомаи намози ид дар он ҷо амалӣ шуд. Шайх даъвати Картер, раисиҷумҳури Амрикоро барои қироат дар Конгресс напазируфт, зеро дар он айём дар сафар ба Қудси Шариф буд.

4324735

captcha