IQNA

Паёми раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ба панҷоҳу нӯҳумин нишасти Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо

12:55 - December 28, 2025
рақами хабар: 4269
Раҳбари ҶИЭ дар паёме ба нишасти солонаи Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо, ниёзи муҳими имрӯзи ҷаҳонро низоми одилонаи миллӣ ва байналмилалии исломӣ донистанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба панҷоҳу нуҳумин нишасти солонаи Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо бо ишора ба шикасти таҳоҷуми сангини артиши Амрико ва зоидаи нангини он дар минтақа, ба далели ибтикору шуҷоат ва фидокории ҷавонони Эрони исломӣ, таъкид карданд: Иллати аслии ошуфтагии зӯргӯёни фосиду муфсид, на баҳси ҳастаӣ, балки барафрошта шудани парчами муқобила бо назми ноодилона ва таҳаккум(фармонфармои)и низоми султа дар ҷаҳон ва рӯй овардан ба низоми одилонаи миллӣ ва байналмилалии исломӣ аз ҷониби Эронт исломӣ аст.
Матни паёми раҳбари ҶИЭ ба ин шарҳ аст :
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Ҷавонони азиз ! Имсол кишвари Шумо ба баракати имону иттиҳод ва эътимод ба нафс(худбоварӣ) дар дунё эътибору вазонат(тавонои)и тоза ёфт. Таҳоҷуми сангини артиши Амрико ва зоидаи нангини он дар ин минтақа, мағлуби ибтикору шуҷоат ва фидокории ҷавонони Эрони исломӣ шуд. Собит шуд, ки миллати Эрон бо баҳрагирӣ аз тавоноиҳои худ дар сояи имону амали солеҳ ва дар руёруӣ бо мустакбирони фосиду золим метавонад биистад ва даъват ба арзишҳои исломиро бо садои расотар аз ҳамеша ба дунё бирасонад.
Андӯҳи амиқ ба хотири шаҳодати теъдоде аз донишмандону сардорон ва ҷамъе аз мардуми азизамон натавониста ва нахоҳад тавонист ҷавонони боҳиммати эрониро мутаваққиф кунад. Хонаводаҳои он шаҳидон, худ дар шумори пешравони ҳаракатанд.
Сухан аз баҳси ҳастаӣ ва чизҳое аз қабили он нест. Сухан аз муқобила бо назми ноодилонаву таҳаккуми низоми султа дар ҷаҳони кунунӣ ва рӯй овардан ба низоми одилонаи миллӣ ва байналмилалии исломӣ аст. Ин аст даъвии бузурге, ки Эрони исломӣ парчами онро барафроштаву зӯргӯёни фосиду муфсидро барошуфтааст.
Шумо донишҷӯён бавижа дар хориҷи кишвар саҳме аз ин вазифаи бузург бар дӯш доред. Дилҳоро ба Худо бисупоред, тавоноиҳои худро шиносоӣ кунед ва анҷуманҳоро ба ин самт ҳаракат диҳед.

4325211

captcha