
Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз «Ал-Қоҳира 24», Исмоил Дуайдар, раиси Радиои Қуръони Миср, аз сабти тиловатҳои нав бо ҳамкории Созмони миллии расонаҳои Миср ва Ал-Азҳар дар ояндаи наздик хабар дод.
Ӯ ба «Ал-Қоҳира 24» гуфт: «Мо ҳанӯз дар марҳилаи интихоб кардани масъулони сабт қарор дорем ва то ҳол ба марҳилаи сабти амалии тиловатҳо нарасидаем».
Дуайдар афзуд: «Ин лоиҳа сабти се қироати навро дар бар мегирад ва бо иҷрои он шумораи умумии қироатҳои радиоиӣ ба ҳафт қироат хоҳад расид».
Раиси Радиои Қуръони Миср таъкид кард, ки тиловатҳо ба шакли мурттал иҷро мешаванд ва онҳоро қориёни Ал-Азҳар пешниҳод хоҳанд кард.
Ӯ гуфт: «Ҳафтаи гузашта бо Аҳмад ат-Тайиб, шайхи Ал-Азҳар, мулоқот доштам ва дар ин дидор ҷузъиёти ин лоиҳа ва механизмҳои марбут ба он баррасӣ шуданд».
Исмоил Дуайдар ёдовар шуд, ки ин лоиҳа дар роҳи ҳифзи ҷойгоҳи Радиои Қуръони Карим, таҳкими рисолати динии ин радио ва пешниҳоди тиловатҳои қуръонӣ тибқи баландтарин стандартҳои тасдиқшуда амалӣ хоҳад шуд.
4325947