IQNA

Сураҳои Қуръон/68

Савганди Худо ба қаламе, ки менависад

19:13 - September 09, 2023
рақами хабар: 437
Қалам ва ончи менависад неъматҳоест, ки аз ҷониби Худованд дар ихтиёри инсонҳо қарор дода шудааст. Неъматҳое, ки дар Қуръони Карим ба онҳо савганд хӯрдааст то аҳамияти он мушаххас шавад.

68-умин сураи Қуръони Карим “Қалам” ном дорад. Ин сура бо 52 оят дар ҷузъи 29-ум қарор гирифтааст. Сураи Қалам, ки маккӣ аст, дар тартиби нузул Дуюмин сураест, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Ин сураро “Қалам” меноманд зеро, ки ин калима дар нахустин ояти ин сура омадааст ва Худованд ба қалам ва ончи, ки менависад савганд ёд кардааст.

Аллома Таботабоӣ дар Ал-мизон манзури ин оятро, қалами махсусе намедонад ва “ончи менависанд” низ ҳар навиштаест ; пас қалам ва ончи, ки тавассути қалам навишта мешавад яке аз бузургтарин неъматҳои илоҳӣ аст ва савганди Худованд ба қалам ва ончи тавассути он менависанд, савганд ба неъмат аст ҳамонтавре, ки дар Қуръони Карим савганд ба неъматҳои мухталиф монанди савганд ба хуршеду моҳ ва шабу рӯз ва ҳатто анҷир ва зайтун вуҷуд дорад.

Ҳадафи ин сура баёни сифоти вижаи Паёмбари Ислом (с) ва таъкид бар ахлоқи барҷастаи вай, баёни сифоти зишти мушрикон ва душманони Паёмбар (с), достони Асҳоби ҷаннат ва ҳушдор ба мушрикон, ёдоварии қиёмату азобҳои мушрикон ва дастур ба сабру истиқомат ва муқовимат ба Паёмбар (с) дар баробари мушрикон ва наҳй аз пайравӣ аз мушрикон аст.

Ин сура Расули Худо (с)-ро ба дунболи туҳматҳои нодурусте, ки мушрикон ба Эшон зада ва Ӯро девона хонда буданд, дилдорӣ медиҳад,  ваъдаҳои зебое ба Ӯ медиҳад ва Паёмбар (с)-ро аз итоати мушрикон ва ҳам суҳбатӣ бо онон наҳй кардааст.

Ин сура бо савганди Худованд ба қаламу навишта, оғоз мешавад ва ояти дувум ба туҳматҳое, ки ба Паёмбари Ислом (с) аз тарафи душманони Ислом ба он ҳазрат нисбат дода шуда, рад мекунад ва ба тавсифи Худованд аз Паёмбар (с) ишора мекунад ва дар ҷои дигар аз масаълаи муҳлат додан ба кофирону ситамгароне, ки дар ниҳоят ба зиёни онон хоҳад буд сухан мегӯяд, он гоҳ достони Асҳоби ҷаннат (дар инҷо яъне боғдорон ) балое, ки бар асари гуноҳ, фасод ва ғафлат аз ёди Худо бар сарашон омад, сухан мегӯяд.

Асҳоби ҷаннат достони иддае сарватмандро ривоят мекунад, ки боғи сарсабзе дар Яман доштанд. Он боғ аз пирмарде буд, ки ба андозаи ниёзаш аз он истифода мекард ва изофаи маҳсулашро ба ниёзмандон медод. Пас аз маргаш, фарзандони ӯ, тасмим гирифтанд, ки ҳамаи суди ҳосил аз боғро барои худ бардоранду ниёзмандонро аз он боғ маҳрум кунанд. Бар асари хисосате, ки доштанд, шабе бар асари соиқа, боғ оташ гирифт ва аз он чизе ба ҷо намонд. Яке аз бародарон, ононро ба Худо даъват кард ва онон аз рафтори худ пушаймон шуданд ва тавба карданд.

Калидвожаҳо: Сураҳои Қуръон, 114, Сураи Қалам, ончи менависанд, Кумак ба ниёзмандон.

captcha