Яке аз тафосири шиа, ки рӯйкарди ҷадид ба тафсири Қуръон дорад “Талхис-ул-баён фи маҷозот-ил-Қуръон” асари Сйидразӣ аст. Сайидразӣ дар ин асари тафсирӣ аз нубуғ ва дониши саршори худ баҳра ҷуст то нахустин асари мустақил дар бораи тамсилҳои Қуръонро тадвин кунад. Тафсири ӯ дар як ҷилд ба забони арабӣ дар тафсири ояттҳои Қуръони Карим махсусан вожаҳову ибораттҳо ва таъбирҳои кинояӣ ва истиораӣ аст.
Ин китоб аз муҳимтарин осори таҳқиқии қарни чаҳорум дониста шудааст, Қуръони Каримро ба тартиби сураҳо ва оятҳо ва бо нақли қавли фаровон аз ашъори арабӣ овардааст ва ҷанбаи эъҷози балоғӣ ва баёнии Қуръонро баён кардааст.
Сайидразӣ кӣ буд?
Муҳаммад ибни Ҳусайн ибни Мусо маъруф ба Сайидразӣ (359-406 қамарӣ: 969-1015 мелодӣ) аз уламои шиа ва бародари Сайид Муртазо аст. Сайидразӣ мансабҳои муҳимме аз ҷумла қазоват ва сарпарастии зоирони Худоро дар умури ҳаҷ дар давраи ҳукумати Оли Буя дар Эронро бар уҳда дошт ва девони ашъоре аз ӯ барҷой мондааст. Сайидразӣ осоре дар калом ва тафсир дорад ва муҳимтарин асари ӯ гирдоварии “Наҳҷ-ул-балоға” аст. Ӯ ҳамчунин дор-ул-илме таъсис кард, ки ба бовари бархе, нахустин мадрасаи улуми динӣ будааст.
Вижагиҳои тафсири “Талхис-ул-баён”
Зикри қароъатҳои мухталифи бино бар назари қориёни ҳафтгона, баҳс аз маъонии вожагону таркибҳои қуръонӣ, изҳори назар дар масоили ихтилофӣ, истифода аз аҳодис дар баёни маҷозҳову таркибҳои қуръонӣ аз ҷумлаи вижагиҳои ин тафсир аст.
Нахустин матлаб дар китоби Сайидразӣ дар бораи ояти ҳафтуми сура Бақарааст, ки мефармояд:
«خَتَمَ الله عَلَى قُلُوبِهِمْ وَعَلَى سَمْعِهِمْ وَعَلَى أَبْصَارِهِمْ غِشَاوَةٌ».
Ин оят дар бораи мунофиқин аст, ки Худованд фармуд бар чашмҳои онҳо пардааст ва ин дар воқеъ тамсил ва истиорааст, зеро мунофиқон воқеан ба чизҳо нигоҳ мекунанд ва чашмҳояшонро ҳаракат медиҳанд, вале чун баҳра ва ибрати лозимро аз ин нигоҳ намебаранд, Худованд аз чашмҳояшон ба пӯшида шуда бо парда таъбир кардааст.
Матлаби поёнии китоби ӯ дар бораи оятҳои аввал то сеюми сура Иншироҳ аст, ки мефармояд:
أَ لَمْ نَشْرَحْ لَكَ صَدْرَكَ، وَ وَضَعْنَا عَنْكَ وِزْرَكَ، اَلَّذِي أَنْقَضَ ظَهْرَكَ؛
Оё барои ту синаатро накушодаем ва бори гаронатро аз [дӯш]-и ту барнадоштем; [боре], ки [гӯӣ] пушти туро шикаст.
Ин китоб аз ҷаҳоте қобили тавваҷӯҳи муфассирони баъдӣ қарор гирифтааст ва ба тафсири баёнии он истинод ва эътимод кардаанд ба тавре, ки Қутби Ровандӣ, Ҳувайзӣ ва дигарон, назароти ин китобро дар тафосири худ нақл кардаанд.
Нуктаи қобили аҳамият дар бораи ин китоб ин аст, ки дар замони Сайидразӣ, тафаккуроти зоҳирия ва салафия ба шиддат дар ҳоли ривоҷ буд, ки таъвили маҷозгӯии оятҳои Қуръон ва суннати Паёмбар (с)-ро инкор мекард ва китобҳои мухталифи Сайидразӣ перомуни “Маҷозот-ул-Қуръон” посухе қотеъ ва илмӣ ба ин ҷараёни инҳирофӣ ва исботи маҷозгӯӣ дар Қуръони Карим ва суннати Паёмбар (с) буд.
Калидвожаҳо: Тафсири Талхис-ул-баён, Сайидразӣ, Нафйи дидгоҳи салафӣ