IQNA

Муаррифии тафсир ва муфассирон / 16

Тафсире, ки асрори лафзӣ ва маънавии Қуръонро баён мекунад

20:47 - September 11, 2023
рақами хабар: 445
Теҳрон (ИКНА) тафсири “Ғароибул-Қуръон ва Рағоибул-Фурқон” илова бар ҷомеият дар баёни асрори лафзӣ ва маънавӣ, матолиберо ба гунае дастабандӣ карда, ки дастрасӣ ба онҳо содда шудааст.

Тафсири “Ғароибул-Қуръон ва Рағоибул-Фурқон” таълифи Низомуддин Ҳасан ибни Муҳаммади Найшопурӣ, тафсири ақлӣ бо рӯйкарди иршодӣ аст, ки бо таваҷҷуҳ ба омӯзаҳои лафзӣ ва маънавии Қуръон нигориш ёфтааст ва метавон онро яке аз беҳтарин тафосири Қуръони Карим ба шумор оварад, ки тавонистааст байни асрори лафзӣ ва маънавӣ ва зоҳирӣ ва ботинии Қуръон пайванди маъноӣ барқарор кунад.

Найшопурӣ, ки буд?

Низомуддин Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Ҳусайни Хуросонии Найшопур, (мутаваффои баъд аз 728 қамарӣ ва 1328 мелодӣ) маъруф ба Низоми Аъраҷ, аз ҳофизони соҳибноми дунёи Ислом аст. Хонадон ва қабилаи ӯ дар Қум мезистанд, аммо ӯ дар Найшопур ба дунё омад ва дар онҷо парвариш ёфт. Фазл, адаб, таҳқиқ, табаҳҳур ва диққати назари ӯ дар миёни донишмандони баъдӣ машҳур будааст. Ӯ дар улуми ақлӣ соҳиб назар буд ва дар фунуни забон ва адабиёти Араб тавонманд буд.

Аз ӯ осори бисёре бар ҷой мондааст, ки муҳиммтарини онҳо китоби “Ғароибул-Қуръон ва Рағоибул-Фурқон” аст. Аз дигар таълифоти ӯ метавон ба “Авқофул-Қуръон” ва “Луббут-таъвил”, дар тафсири Қуръон ишора кард.

Вижагиҳои Ғароибул-Қуръон

Найшопурӣ ин тафсирро ба ихтисор аз тафсири Фахрирозӣ иқтибос карда ва Кашшофи Замахшарӣ, аз дигар манобеи муҳимми ӯ будааст. Найшопурӣ сирфан ба нақли суханони Фахрирозӣ ва Замахшарӣ басанда накарда ва таҳқиқот ва нукоти дақиқе, ки баромада аз фаҳми худаш бударо бар он афзудааст. Ривояти набавӣ ва муфассирони саҳобӣ ва тобеӣ дар ин тафсир ҷойгоҳи вижа дорад.

Вай дар интиҳои тафсир дар баёни ангезаи худ аз нигориши ин тафсир менависад: “Яке аз ангезаҳои ман аз навиштани тафсир ин аст, ки ҳамнишини зиндагии дунявӣ ва ҳамроҳи охирати ман бошад.

Шеваи тафсирнигорӣ

Найшопурӣ дар тафсирнигорӣ, шеваи хосси худро дорад. Ӯ дар оғози сураҳо, ибтидо иттилооти куллӣ аз қабили номи сура, макӣ, маданӣ будан, адади оёт ва ақволи марбут ба он, адади калимот ва ҳуруфи онро ироа медиҳад. Пас аз зикри оёти қуръонӣ, қироатҳои гуногунро бо мушаххас намудани соҳиби он, меовард ва дар эроди ихтилофи қироатҳо танҳо ба қироати даҳ пешвои машҳури илми қироат иктифо мекунад.

Аз вижагиҳои ин тафсир илова бар ҷомеият, дастабандии матолиб аст, ки дастрасӣ ба онҳоро саҳл кардааст. Ӯ матолибро чанд навъ дастабандӣ кардааст. Дар бахши тафсир низ матолибро ба чандин баҳс тақсим мекунад ва ҳар баҳсро ба чандин масъала. Дар ин байн, ҷудосозии нақли қавлҳо аз ҳам ва низ тафкики матолиби оят дар дастрасии осон ба матолиб, нақши пурранге дорад.

captcha