IQNA

Навиштани тӯлонитарин Қуръони дастнавис аз ҷониби зоирони Арбаин дар Карбало + акс

21:10 - September 11, 2023
рақами хабар: 446
Ироқ (ИКНА) Остони муқаддаси Ҳусайнӣ, барномаи нигориши Қуръони дастнависро бо ҳузури чеҳраҳои илмӣ ва рӯҳониюни нухба ва низ зоирони маросими Арбаин иҷро кард.

Остони муқаддаси Ҳусайнӣ, ибтикори амалии хушнависи Қуръони Карим ба дасти зоирони ширкаткунанда дар маросими Арбаин тавассути маркази байналмилалии таблиғи Қуръон дар Остони Ҳусайнӣ анҷом шуд.

Ин тарҳ бахше аз барномаи таблиғии ҳавзаи илмия буд, ки ба шакли густурдае мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт ва теъдоди зиёде аз уламо, рӯҳониюн ва зоирони аз кишварҳои мухталиф дар он ширкат карданд.

Мунтазир Мансурӣ, масъули ин марказ дар гуфт‎угӯ бо вебсайти Остони Ҳусайнӣ гуфт: зиёрати Арбаини имсол шоҳиди иттифоқоти муҳимме буд, ки аз он ҷумла метавон ба ибтикори маркази мо ва ҳимоят аз тарҳи таблиғие, ки тавассути ҳавзаи илмия дар Наҷафи Ашраф барои нигориши Қуръони Карим тавассути зоирон дар назар гирифта шуда буд, ишора кард. 

Вай тасреҳ кард: ин ибтикор бо шиори "Аҳде бо Қуръон" анҷом шуд, ки посухе ба талошҳо барои ҳатки ҳурмати китоби Худованд буд.

Мунтазир Мансурӣ афзуд: ин ибтикор дар рӯзҳои анҷоми зиёрати Арбаин шоҳиди таомули бисёр хубе аз сӯи зоироне аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон (зан ва мард) ва ҳамчунин мудирияти барномаи таблиғии ҳавзаи илмияи Наҷафи Ашраф буд, ки бузургони ҳавзаи илмия ва теъдоде аз асотид дар анҷоми он нақшофаринӣ карданд.

Вай дар хусуси мушаххасоти ин Қуръон гуфт: ин Қуръон комилан бар рӯи порчаи махмалӣ ба тӯли (300) метр тарроҳӣ шудааст ва тӯлонитарин Қуръон ба ҳисоб меояд.

نگارش طولانی‌ترین قرآن توسط عتبه حسینی + عکس

نگارش طولانی‌ترین قرآن توسط عتبه حسینی + عکس

نگارش طولانی‌ترین قرآن توسط عتبه حسینی + عکس

نگارش طولانی‌ترین قرآن توسط عتبه حسینی + عکس

نگارش طولانی‌ترین قرآن توسط عتبه حسینی + عکس

https://iqna.ir/fa/news/4168087

captcha