
Сеюмин сура аз Қуръон, “Оли Имрон” ном дорад. Ин сура 200 оят дорад ва дар ҷузъҳои севум ва чаҳоруми Қуръон қарор гирифтааст. Номгузории ин сура ба номи “Оли Имрон” ба далели вуҷуди калимаи “Имрон” дар ду оят аз ин сура аст. Дар ояти 33 ба хонадони Имрон ва дар ояти 35 ба Имрон падари ҳазрати Марям(с) ишора шудааст. Номи дигари ин сура “Тайиба” яъне пок ва покиза аз олудгиҳо ва иттиҳомот аст, ки ишора ба покии ҳазрати Марям аз гуноҳон ва тӯҳматҳо дорад.
Дар ин сура, ки дар тартиби нузул, ҳаштоду нӯҳумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст, шарҳи ҷараёни вилодати се шахсияти барҷаста яъне ҳазрати Яҳё(а), ҳазрат Марям(с) ва ҳазрати Исо(а) зикр шудааст.
Оёти сураи “Оли Имрон” маданӣ аст ва ба гуфтаи бархе аз муфассирон, ин сура дар миёни ду ҷанги Бадр ва ҷанги Уҳуд, яъне солҳои дувум ва севуми ҳиҷрӣ (байни солҳои 624 то 625 мелодӣ) нозил шуда ва бахше аз ҳассостарин даврони зиндагии мусулмононро дар садри Ислом нишон медиҳад.
Бархе муфассирон мӯътақид ҳастанд ҳар сура ба як мавзӯъи мушаххас ишора дорад ва мавзӯъоти мухталифе дар масири мавзӯъи аслӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад; Дар ин сура рӯйдодҳои марбут ба пирӯзиҳо ва шикастҳои муслилмин, ҳолоти мухталифи мусулмонон ва иртибототи онҳо бо соири ақвом ва адён ишора дорад. Тибқи “Тафсири Ал-Мизон”, ҳадафи аслии сураи Оли Имрон, даъвати муъминон ба иттиҳод, сабр ва истиқомат дар баробари душманони Ислом аст.
Муҳиммтарин мавзӯъоти ин сура иборатанд аз:
- Тавҳид ва маод:
- Ҷиҳод:
- Таваҷҷӯҳ ба аҳкоми исломӣ:
- Зарурати ваҳдати мусулмонон:
- Ишора ба таърихи Паёмбарон:
Бахше аз оёти ин сура низ ба таърихи Паёмбарон аз ҷумла Одам ва Нӯҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо(а) ва моҷарои ҳазрати Марям(с) ва низ тавтеаҳое, ки алайҳи ин бузургон сурат гирифта, мепардозад.
Калидвожаҳо: 114, мазомини Қуръон, сураҳои Қуръон, Оли Имрон, Марям.