
Ба гузориши икно, ба нақл аз Маркази иттилооти Фаластин, ин ниҳоди байналмилалӣ дар паёме дар шабакаи иҷтимоии «Икс» (Твиттери собиқ) ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот (13-уми урдибиҳишт) эълон кард: «Навори Ғазза барои хабарнигорон хатарноктарин макон дар тамоми ҷаҳон аст.»
Комиссариати ҳуқуқи башари СММ аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки барои таъмини амнияти фаъолони расонаӣ аз «калимаҳои маҳдуд дар чаҳорчӯби маҳкум ё ҳамдардӣ» берун рафта, амалҳои ҷиддитар анҷом диҳанд.
Ин Комиссариат бар зарурати эҷоди механизмҳои посухгӯйӣ, ҳифзи ҷисмонии хабарнигорон ва фароҳам овардани дастрасии озод ва мустақили расонаҳои байналмилалӣ ба Навори Ғазза таъкид намуд.
Дар ҳамин замина, Фолкер Турк Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал бо интиқоди шадиди вазъи кунунӣ изҳор кард: «Ҷанги Исроил дар Ғазза ба доми марговар барои расонаҳо табдил шудааст.»
Вай хотирнишон кард, ки дафтари ӯ аз оғози даргирӣ дар моҳи октябри соли 2023 то имрӯз кушта шудани тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаиро тасдиқ кардааст. Турк ҳамчунин гуфт, ки шумораи маҷруҳони ин қишр хеле бештар аз оморҳои расмии нашршуда мебошад.
4350302