IQNA

Маросими гиромидошти шуҳадои наслкушии "Сабро ва Шатило" дар Бейрут

20:31 - September 16, 2023
рақами хабар: 461
Бейрут (ИКНА) маросими гиромидошти чиҳилу якумин солгарди шуҳадои наслкушии "Сабро ва Шатило" дар Бейрут баргузор шуд.

Чиҳилу якумин солгарди наслкушии Сабро ва Шатило ба ҳиммати таҷаммӯъи ҷаҳонии «интихоб барои ҳимоят аз муқовимат» дар Бейрут баргузор шуд ва дар ин маросим бо ҳузури ҷамъе аз шахсиятҳои сиёсӣ ва ҳизби лубнонӣ ва фаластинӣ, тоҷи гуле ба ёдумони шуҳадои ин куштор гузошта шуд.

Ҷамъияти ҳозир дар маросим, мавзеъи худро дар мавриди лузуми муҷозоти ишғолгарон ба сабаби иртикоби қатлиом эълом карданд.

Ширкаткунандагон ҳамчунин куштори Сабро ва Шатилоро лаккаи нанге бар пешонии муддаиёни дифоъ аз ҳуқуқи башар тавсиф намуданд.

Дар 16 сентябри 1982 мелодӣ, режими ишғолгари саҳюнистӣ бо мушорикати авомили худ аз ҷумла бархе шибҳинизомиёни мусаллаҳи масеҳӣ, дар урдугоҳҳои Сабро ва Шатило муртакиби қатлиом шуд, қатлиоме, ки дар ҷараёни он, ҳазорон ғайринизомии ғайри муссаллаҳ ва бедифоъ аз Лубнон ва Фаластин ба шеваи ваҳшиёна кушта шуданд. Ин қатлиом дар ҳоле иттифоқ афтод, ки ҳамла ба Лубнон ва вуруди ишғолгарон ба Бейрут, бо ҳеҷ вокунише аз сӯи маҷомеи байналмилалӣ мувоҷеҳ нашуд.

https://iqna.ir/fa/news/4169191

captcha