Манобеи хабарӣ эълом карданд, ки маросими ифтитоҳи ин маъбад дар моҳи январи мелодӣ баргузор хоҳад шуд.
Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд, ба тарафдорони ҳизби миллигарои ифротии ҳиндуи худ қавл дода буд, ки ин маъбадро бисозад ва онро пеш аз интихоботи соли оянда ифтитоҳ кунад.
Масҷиди Бобрӣ чанд қарн пеш дар шаҳри "Айодия" воқеъ дар аёлити "Уттар-Прадеш"- Ҳинд сохта шуд, ки дар шашуми декабри соли 1992 мелодӣ аз сӯи ҳиндуҳои ифротӣ тхриб шуд ва дар ҳоли ҳозир, сохти маъбаде бар рӯи вайронаҳои ин масҷид дар ҷараён аст.
Ифтитоҳи ин маъбад тақрибан се моҳ қабл аз интихоботи Ҳинд сурат мегирад ва интизор меравад, ки ифтитоҳи он ба ҳизби Модӣ дар пешбурди интихобот кумак кунад ва ба қавле, ки наздик ба як даҳа пеш ба ҳомиёнаш дода буд амал кунад.
Расонаҳои ҳиндӣ гузориш доданд, ки амалиёти сохти комили маъбад то сол 2025 мелодӣ такмил хоҳад шуд ва ҳазинаи сохти он ҳудуди 180 миллион доллар баровард шуда, ки ба гуфтаи паймонкори аслии сохти ин маъбад, ҳиндуҳо токунун беш аз 360 миллион доллар барои сохти он кумак кардаанд.
Мусулмонон иддаои моликияти заминро доранд, зеро масҷид дар соли 1528 мелодӣ дар онҷо сохта шудааст. Аммо бисёре аз ҳиндуҳо мӯътақиданд масҷиди Бобрӣ бар рӯи вайронаҳои маъбади ҳинду сохта шуда, ки гуфта мешавад тавассути Бабар, нахустин императори муғул вайрон шудааст.
Гуфтнӣ аст дар соли 2019 мелодӣ пас аз як набарди ҳуқуқии тулонӣ, додгоҳи олии Ҳинд ба ҳиндуҳо иҷозаи сохти маъбадро дар маҳалли мавриди муноқиша дод ва ба ихтилоф поён дод. Ин ба унвони як пирӯзӣ барои Модӣ ва ҳомёнаш талаққӣ мешуд, аммо бо инки бисёре аз мусулмонон ин раъйро қабул надоштанд, аммо ба хотири доман назадан ба ихтилофоти қавмӣ ва кушта нашудани инсонҳо ин раъйро қабул карданд.