IQNA

Қиссаи «Қуръони Макка»; аз дастнавис то чоп

23:56 - June 01, 2026
рақами хабар: 4684
«Қуръони Макка» (Мусҳафи Макка) нахустин Қуръони миллии Арабистони Саудӣ ба шумор меравад, ки солҳои пеш аз шакли дастнавис ба марҳилаи чоп расид ва ба як рӯйдоди таърихӣ дар подшоҳии Саудӣ табдил шуд.

Бино ба гузориши «Ар-Риёз», дар замоне ки матбааҳо мисли имрӯз ҳар сол миллионҳо нусхаи Қуръонро ба чоп намерасониданд, дар шаҳри Макка лоиҳае оғоз гардид, ки дар таърихи Арабистони Саудӣ ва хизматҳои он ба Қуръони Карим нуқтаи гардиши муҳим ба ҳисоб мерафт.

Арабистони Саудӣ аз замони ҳукмронии Абдулазиз бин Абдураҳмон ал-Сауд ба Қуръони Карим таваҷҷуҳи махсус дошт ва онро пояи асосии таълим ва тарзи зиндагӣ қарор дода буд.

Дар доираи ҳамин таваҷҷуҳ, андешаи таҳияи нахустин Қуръони саудӣ, ки аввалин нусхаи чопии Қуръони Карим дар Арабистони Саудӣ маҳсуб мешуд, пас аз пешниҳоди мусҳафе, ки бо хатти Муҳаммад Таҳир ал-Курди китобат гардида буд, шакл гирифт. Шайх Муҳаммад Тоҳир Ал-Курдӣ яке аз машҳуртарин хаттотони Қуръони Карим дар даврони муосир ба шумор мерафт.

Тибқи ҳуҷҷатҳои Бунёди Малик Абдулазиз, барои баррасӣ ва бознигарии ин мусҳаф кумитаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки аз донишмандони барҷастаи қироатҳои қуръонӣ дар Макка иборат буд.

Ин кор таҳти назорати Идораи кулли пажӯҳишҳои илмӣ, фатво, даъват ва иршод бо диққати комил анҷом гирифт, то саҳеҳ будани матни Қуръон, дурустии расмулхат ва аломатгузорӣ мувофиқи меъёрҳои тасдиқшуда таъмин гардад.

Пас аз анҷоми корҳои нусхабардорӣ ва бозбинӣ, мусҳаф ба Файсал бин Абдулазиз ал Сауд, ки он замон ноиби подшоҳ дар Ҳиҷоз буд, пешниҳод гардид. Ӯ ба ин лоиҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дастур дод, ки чопи он идома ёбад.

Соли 1369 ҳиҷрии қамарӣ (1950 мелодӣ) нахустин нусхаи ин мусҳаф ба чоп расид ва нашр шуд. Ин рӯйдод дар Подшоҳии Саудӣ аҳаммияти таърихӣ дошт. Як нусха ба подшоҳ Абдулазиз тақдим гардид ва нусхаҳои дигар миёни фарзандони ӯ ва гурӯҳе аз уламо тақсим шуданд.

Дар муқоваи мусҳаф тавзеҳоте дар бораи ин марҳила навишта шуда буд, ки дар он омадааст: «Қуръони Макка бо китобати Муҳаммад Тоҳир Ал-Курдӣ, омӯзгори хаттотӣ дар Идораи кулли маорифи Макка ва бо харҷи ширкати “Мусҳафи Макка” дар замони подшоҳии Малик Абдулазиз ба чоп расидааст.»

Ин нусха танҳо як намунаи чопи суннатии Қуръон набуд, балки нуқтаи муҳиме дар таърихи хизмат ба Қуръони Карим дар дохили Арабистони Саудӣ ба ҳисоб мерафт ва ба аввалин Қуръони чопшуда аз ҷониби саудиҳо дар марҳилаҳои ибтидоии рушди давлат табдил ёфт.

Тақсимоти «Қуръони Макка» миёни ҳоҷиён ва умрагузорон солҳои зиёд идома ёфт ва ҳамчун нишонаи нахустин талошҳои Арабистони Саудӣ дар нашр ва паҳн намудани Қуръони Карим боқӣ монд.

Бо гузашти вақт, ин кӯшишҳо ба шакли фарогиртар ва густардатар идома ёфтанд ва дар ниҳоят ба таъсиси чопи Қуръони Карими Малик Фаҳд расиданд. Ин марказ имрӯз бо чоп ва паҳн намудани миллионҳо нусхаи Қуръони Карим ба забонҳои гуногун дар саросари ҷаҳон, ҳамон рисолати бузургро идома медиҳад.

4355088

captcha