
Ба гузориши икно ба нақл аз «Ал-Батула», Федератсияи футболи Ироқ дар иқдоме рамзӣ ва пурмаъно музокироти расмии худро бо ФИФА оғоз кардааст, то дар ҳошияи мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон паёми фарҳангӣ ва мазҳабии миллати худро ба ҷаҳониён расонад.
Тибқи барномаи эълоншуда, бозии муҳими тими миллии футболи Ироқ бар зидди тими миллии Сенегал бо шаби шаҳодати ҳазрати Абӯабдуллоҳ ал-Ҳусайн (а) мувофиқат мекунад. Аз ин рӯ, Федератсияи футболи Ироқ бо ирсоли дархости расмӣ ба ФИФА хоҳони гирифтани иҷозат барои истифода аз пироҳани сиёҳ (либоси сеюми даста) дар ин рақобати махсус шудааст.
Ин тасмими ҷониби Ироқ, ки бо ҳадафи гиромидошти шиорҳои ҳусайнӣ ва эҳтиром ба рӯзҳои азодорӣ гирифта шудааст, дар расонаҳои минтақа бозтоби густарда пайдо кардааст.
Акнун бояд дид, ки ФИФА бо дарназардошти қоидаҳои сахтгиронаи худ дар бораи таҷҳизот ва либоси дастаҳо нисбат ба ин дархости фарҳангӣ ва эҳсосӣ, ки рамзи ҳувият ва ародати миллӣ ва мазҳабии мардуми Ироқ ба шумор меравад, чӣ вокуниш нишон хоҳад дод.
4356712