IQNA

Сураҳои Қуръон / 74

Чаҳор далели ҷаҳаннамӣ шудани инсонҳо дар сураи Муддассир

19:42 - September 19, 2023
рақами хабар: 472
Теҳрон (ИКНА) ин ҷаҳон васила ва муҳите аст барои расидан ба дунёи дигаре, ки мунтазири инсонҳост. Дунёе ки бо корҳо ва рафторҳои инсонҳо сохта мешавад ва бар ҳамин асос инсонҳо ба ду даста: некӯкорон ва бадкорон тақсим мешаванд ва ҷойгоҳашон низ мутафовит аст.

Ҳафтоду чаҳорумин сураи Қуръони Карим “Муддассир” ном дорад. Ин сура бо 56 оят дар ҷузъи 29 Қуръон қарор гирифтааст. Муддассир, ки сураи макӣ аст дар тартиби нузул чаҳорумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Сураи Муддассир дар оғози даврони паёмбарии Ҳазрати Муҳаммад (с) бар эшон нозил шудааст. Вожаи “Муддассир” ба маънои “либос ба худ печида” аст ва ишора ба Паёмбари Ислом (с) дорад. Дар оёти ибтидоӣ ин сура, Худованд ба Паёмбар (с) (ки аз такони рӯҳии оғози ваҳй, эҳсоси сармо мекард ва ҷома ба худ печида буд) дастур медиҳад бархезад ва мардумро ҳушдор диҳад.

Бахше аз ин сура дар мавриди шахсе аст, ки Паёмбарро ҷодугар хитоб кард. Худованд дар ин сура бо ишора ба бузургӣ ва ҷойгоҳи Қуръон, касонеро, ки Қуръонро инкор мекунанд ва онро ҷоду бихонанд, таҳдид кардааст.

Аллома Таботабоӣ, сураи Муддассирро шомили се матлаби аслӣ медонад: аввал инки Расули Худо (с)-ро дастур медиҳад ба инки ба мардум ҳушдор диҳад ва ин дастурро бо лаҳне баён мекунад, ки пайдост ҷузви дастурҳои авоили давраи паёмбарӣ аст. Дувум инки ба бузургӣ ва ҷойгоҳи Қуръон ишора мекунад ва севум инки касонеро, ки Қуръонро инкор мекунанд ва нисбати ҷоду ба он диҳанд, таҳдид мекунад ва касонеро, ки даъвати Худоро рад мекунанд, сарзаниш мекунад. Ҳамчунин дар ин сура хусусиёти биҳиштиён ва дӯзахиён ва инсонҳои мағрур омадааст.

Яке аз нукоти барҷастаи ин сура сухан гуфтани биҳиштиён бо ҷаҳаннамиён аст. Онҷо, ки биҳиштиён аз ҷаҳаннамиён далели вуруди онҳо ба оташ мепурсанд ва онҳо чаҳор далелро барои ҷаҳаннамишудани худашон баён мекунанд: قَالُوا لَمْ نَكُ مِنَ الْمُصَلِّينَ؛ وَلَمْ نَكُ نُطْعِمُ الْمِسْكِينَ؛ وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ الْخَائِضِينَ؛ وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوْمِ الدِّينِ: “Гӯянд: «аз намозгузорон набудем; Ва бенавоёнро ғизо намедодем; Бо аҳли ботил ҳамнишин ва ҳамсадо будем; Ва рӯзи ҷазоро дурӯғ мешумурдем” (Муддассир/ 43 то 46)

captcha