
Бино ба гузориши икно, маросими ҷамъбастии панҷумин давраи мусобиқаҳои байналмилалии Қуръони «Ҷоизаи Карбало» шоми рӯзи чоршанбе, 20-уми хурдод, дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ҳусайн (а) баргузор гардид ва дар он ҳар ҳафт намояндаи кишвари Эрон тавонистанд соҳиби ҷойҳои намоён шаванд.
Бар ҳамин асос, дар бахши ҳифзи комили Қуръони Карим Муҳаммад Лоини мақоми аввалро соҳиб шуд ва Амирҳусайн Атторзода низ ҷойи сеюмро ба даст овард.
Дар бахши қироати таҳқиқ бошад, Умед Ҳусайнинажод ҷойи дуюм ва Юсуф Ҷаъфарзода ҷойи чаҳорумро соҳиб шуданд.
Дар бахши наврасон низ Асғарнажод, Наҷафӣ ва Ҳусайнзода мутаносибан ҷойҳои сеюм, чаҳорум ва панҷумро ба даст оварданд.
Панҷумин давраи мусобиқаҳои байналмилалии тиловат ва ҳифзи Қуръони «Ҷоизаи Карбало» аз 16-уми хурдод дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ҳусайн (а) оғоз шуда буд ва шаби гузашта бо баргузории маросими ҷамъбастӣ ва қадрдонӣ аз ғолибон ба кори худ хотима дод.
Дар ин мусобиқаҳо намояндагон аз 30 кишвари арабӣ ва исломӣ иштирок доштанд. Аз Эрон низ ҳафт намоянда, аз ҷумла ду нафар дар бахши қироати таҳқиқ, ду нафар дар бахши ҳифзи комили Қуръон ва се нафар дар бахши наврасон ба рақобат пардохтанд.
4357558