IQNA

Ҳунари тиловати Қуръон / 2

Шайх Рафъат; Нобғаи нобино дар қироати маъногарои Қуръон

19:57 - September 19, 2023
рақами хабар: 473
Теҳрон (ИКНА) шайх Муҳаммад Маҳмуд Рафъат, аз ҷумла навобиғи қироати Қуръон дар Миср буд. Ӯ бо инки як нобино буд, аммо бо ба коргирии ҳисси дарунии худ, навъи хоссе аз қироати Қуръонро ироа кард, ба гунае, ки сабки шайх Рафъат мутамоиз аз дигар қориён шудааст.

Шайх Муҳаммад Маҳмуд Рафъат (1950 - 1882), мулаққаб ба Амирал-Қурроъ, дар соли 1300 қамарӣ дар Қоҳираи Миср мутаваллид шуданд ва бар асари беморӣ то пеш аз шаш солагӣ, биноӣ худро аз даст дод. Ин беморӣ ва нобиноӣ нуқтаи атфи зиндагии шайх Рафъат аст. Дар миёни қориёни нобға метавон ба чанд нафар ишора кард, ки нобино будаанд, аз ҷумла устод Ҳисон, Муҳаммад Умрон, Маҳмуд Рамазон, Сайид Мусаллам ва Муҳаммад Маҳмуд Рафъат. Дар тиловати ин қориён, фақат баҳси фаннии тиловат матраҳ набуда, балки як ҳисси маънавияти вижае ҳам вуҷуд доштааст, ки ин масъала дар тиловати устод Рафъат барҷастатар аз дигарон аст.

Дар даврони кӯдакие, ки устод Рафъат нобино шуда буд, бо ташвиқи падар хеле зуд бо тиловати Қуръон ошноӣ пайдо кард ва муваффақ шуд кулли Қуръонро ҳифз кунад. Шайх Алӣ Маҳмуд (1878-1943) тиловати Рафъатро шунид ва ба шиддат мутаассир шуд. Ӯ ба атрофиён навид дод, ки ояндаи дурахшоне дар интизори шайх Рафъат аст ва дар солҳои начандон дур яке аз қорёни бузурги ҷаҳон хоҳад шуд ва ҳамин иттифоқ ҳам афтод.

Зиндагии ҳирфаӣ шайх Рафъатро метавон ба ду давра тақсим кард; Як давра то синни 32 солагӣ аст, ки ҳанӯз дар ҷаласаҳои қироати Қуръон аз микрафон истифода намешуд ва қориёне, ки садоҳои қавитаре доштанд, бештар мавриди таваҷҷуҳ буданд ва аз онҳо истиқболи бештаре мешуд. Аммо давраи баъдии зиндагии ҳирфаӣ Рафъат, пас аз 32 солагӣ аст, ки микрафон мавриди истифода қарор мегирифт. Дар ин давра зарофатҳои лаҳнӣ ва текникҳои хосси тиловати устод Рафъат шунида шуд ва мардуми бештаре дар Миср ва саросари ҷаҳон тиловатҳои эшонро шуниданд.

Аз ҷумла муҳиммтарин муаллифаҳои тиловати шайх Рафъат, яке маънавияти тиловати эшон аст ва баҳси дигар бадоҳахонӣ аст, ки ин бадоҳахонӣ дар қориёни камтаре дида мешавад. Ба навъе метавон гуфт тиловатҳои Рафъат маъногаро будааст; Яъне ҳатто агар арабӣ ҳам балад набошед, ҳис ва ҳоле, ки Рафъат дар ҳангоми хондани оёт дорад шуморо таҳти таъсир қарор медиҳад.

Баргирифта аз гуфтугӯи Ҳамидризо Насирӣ, аз қориёни байналмилалии Эрон.

captcha