IQNA

Сураҳои Қуръон / 75

Асари ангушти инсон; Нишонаи қудрати Худованд

17:52 - September 20, 2023
рақами хабар: 476
Теҳрон (ИКНА) яке аз аҷибтарин чизе, ки инсон муқобили чашмони худ дорад, аммо камтар ба он фикр карда, асари ангушти ӯст. Масъалае, ки тибқи мутолиоти донишмандон нишон медиҳад, ки асари ангушти ҳеҷ инсоне шабеҳ ба дигарӣ нест. Ин масъала дар Қуръони Карим ба унвони яке аз нишонаҳои қудрати Худованд баён шудааст.

Ҳафтоду панҷумин сураи Қуръони Карим “Қиёмат” ном дорад. Ин сура бо 40 оят дар ҷузъи 29 Қуръони Карим қарор гирифтааст. Ин сура, ки макӣ аст, дар тартиби нузул, сӣ ва якумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

“Қиёмат” ба маънои рӯзи маод аст; Рӯзе, ки ҳама аз қабрҳо бедор мешаванд ва ба сӯи сарнавишти абдии худ дар биҳишт ё ҷаҳаннам меравад. Дар нахустин ояти ин сура ба Қиёмат савганд ёд шудааст ва он рӯзро ба инсон ёдоварӣ мекунад. Номи сура низ аз ҳамин оят гирифта шудааст.

Сураи Қиёмат, ҳатмибудани рӯзи Қиёмат ва маод ва авзоъ ва аҳволи рӯзи қиёматро баён мекунад ва инсонҳоро дар ҷаҳони охират дар ду гурӯҳ тавсиф мекунад: гурӯҳе зебо ва нуронӣ, ва гурӯҳе бо суратҳои ғамгин ва туршрӯ. Ин сура сипас ёдовар мешавад, ки одаме дунёи нақдро мегирад ва охиратро фаромӯш мекунад ва дар он рӯз ҳасрат мехӯрад; Ҳамчунин ба ин нукта ишора мекунад, ки инсон бар нафси худ огоҳ ва бар рафтораш доност; Агарчи баҳона биёвард ва корҳои иштибоҳи худро рад кунад. Дар поён ба мункирон мегӯяд Худое, ки инсонро аз нестии мутлақ, ба шакли нутфа ва сипас хуни баста офарид, оё тавоно нест, ки мурдагонро зинда кунад?

Ин мавзӯъ дар ояти севум ва чаҳоруми сураи Қиёмат ишора шуда; Онҷо, ки мефармояд: أَيَحْسَبُ الْإِنسَانُ أَلَّن نَّجْمَعَ عِظَامَهُ بَلَى قَادِرِ‌ينَ عَلَى أَن نُّسَوِّيَ بَنَانَهُ: “Оё инсон мепиндорад, ки ҳаргиз устухонҳои ӯро ҷамъ нахоҳем кард?! Оре қодирем, ки (ҳатто хутути сари) ангуштони ӯро мавзун ва мураттаб кунем».

Ин оёт ҳангоме нозил шуданд, ки яке аз ҳамсоягони Паёмбари Ислом (с) дар мавриди рӯзи қиёмат савол кард ва гуфт чигуна Худованд устухонҳои мурдагонро ҷамъ мекунад ва [дар охират] дубора инсонро меофаринад. Қуръон дар посух ба ин инкор мегӯяд Худованд натанҳо устухонҳо, балки қодир аст сарангуштонро бозсозӣ кунад. Гуфта шудааст ин оёт ишораи латифе ба асари ангушт ва шиносоӣ ҳар фард бо сарангуштонаш дорад. Имрӯза масъалаи «ангушт нигорӣ» комилан илмӣ шуда ва донишмандон собит кардаанд камтар касе ёфт мешавад, ки асари ангушташ бо дигарӣ яке бошад. Нависандаи тафсири Ал-Мизон низ бар ин бовар аст, ки агар аз байни аъзои бадан, фақат ангуштон матраҳ шуда шояд барои ишора ба хилқати аҷиби он аз назари суратҳои мухталиф, хусусиёт ва фавоиди бисёри он бошад.

captcha