IQNA

Баргузории маросими Ошурои Ҳусайнӣ дар оромгоҳи шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ + филм

19:10 - June 27, 2026
рақами хабар: 4763
Маросими Ошурои Ҳусайнӣ дар оромгоҳи шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ, воқеъ дар ҷануби шаҳри Бейрут, оғоз гардид.

Бино ба гузориши хабаргузории икно, ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ал-Аҳд News, маросими бузургдошти даҳуми моҳи Муҳаррам бо ҳузури анбӯҳи азодорон ва дӯстдорони Имом Ҳусайн (а) субҳи рӯзи ҷумъа, панҷуми моҳи Тир, дар оромгоҳи шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дар ҳошияи ҷанубии шаҳри Бейрут оғоз шуд.

Ин маросим аз ҷониби Ҳизбуллоҳи Лубнон дар оромгоҳи Сайид Ҳасан Насруллоҳ, ки дар наздикии роҳи фурудгоҳ дар минтақаи ҷанубии Бейрут (Зоҳия) ҷойгир аст, баргузор гардид.

Дар ин маросим ҳазорон нафар аз азодорони Ҳусайнӣ бо ҳузур дар оромгоҳи Дабири кулли шаҳиди Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо баргузор намудани ойинҳои мотамдорӣ, бори дигар пойбандии худро ба ормонҳои наҳзати Ошуро, фарҳанги фидокорӣ ва муқовимат таъкид карданд.

Ин роҳпаймоӣ дар фазое саршор аз ғаму андӯҳ ва бо садо додани шиорҳои Ошуроӣ ва муқовимат ба сӯи маҳалли баргузории маросими азодорӣ идома дорад.

تعداد بازدید : 0
код

4360418

captcha