Духтари нӯҳсолае бо номи Ламия дар мактаб бо қуръакашӣ интихоб мешавад, то барои ҷашни зодрӯзи президенти вақти Ироқ, Саддом Ҳусайн, торт омода кунад. Аммо ин «интихоб» мисли дигар қуръакашиҳои он давра рамзи бахт нест, балки як вазифаи иҷборӣ аст, ки сарпечӣ аз он метавонад паёмадҳои сангин дошта бошад. Ӯ ҳамроҳи бибиаш, дӯсташ Саид ва хурӯси хонагиаш барои пайдо кардани орд, шакар ва тухм ба сафар мебарояд; сафаре, ки ба тасвири воқеии зиндагии мардуми Ироқ дар он солҳои сахт мубаддал мешавад.
Ин филм нишон медиҳад, ки барои ба тасвир кашидани зӯроварии як низоми диктаторӣ ва фоҷиаи ҷанг ҳамеша ба саҳнаҳои набард ва хунрезӣ ниёз нест. Баъзан талош барои омода кардани як торт ва изтироби як кӯдак метавонад воқеиятро дақиқтар ва таъсирбахштар нишон диҳад; воқеияте, ки ҳам талх аст ва ҳам амиқан инсонӣ.
Коргардон бо ҳушмандӣ ҷаҳонро аз нигоҳи як кӯдак нишон медиҳад. Ин интихоб боис мешавад, ки бинанда ба ҷойи шунидани таҳлилҳои сиёсӣ, фишори равонӣ ва тарси зиндагӣ дар он шароитро бо тамоми вуҷуд эҳсос кунад.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои филм дар он аст, ки сиёсатро ба шиор табдил намедиҳад, балки онро дар ҷараёни зиндагии одии мардум ба намоиш мегузорад.
Аз дигар бартариҳои филм худдорӣ аз сиёҳнамоии муболиғаомез аст. Ҳасан Ҳодӣ, нависанда ва коргардони асар, дар миёни ин фазои талху сангин лаҳзаҳое аз шӯхӣ, дӯстӣ ва умедро меофарад. Муносибати байни кӯдакон, ҳузури хурӯси ҳамсафар ва бархӯрдҳои гоҳе ҳазломез бо одамони роҳ намегузорад, ки филм ба як марсияи якнавохт табдил ёбад. Ҳамин тазод миёни маъсумиёти кӯдакон ва хушунати ҷаҳони атроф, таъсири эҳсосии филмро чандин баробар афзоиш медиҳад.
Шояд ягона нуқсоне, ки метавон ба филм нисбат дод, суръати нисбатан ороми ривояти он бошад. Филм бештар аз он ки бар печутобҳои пайдарпайи достон такя кунад, ба мушоҳида ва таҷрибаи зиндагӣ дар он муҳит таваҷҷуҳ дорад. Барои бинандагоне, ки интизори як драмаи пурҳодиса ҳастанд, ин оҳанг метавонад каме дилгиркунанда намояд, аммо маҳз ҳамин таваққуфҳо ба филм имкон медиҳанд, ки ҷаҳони худро бо ҷузъиёти бештар бисозад.
Дар ниҳоят, «Торти президент» филмест дар бораи аз даст рафтани кӯдакӣ; дар бораи насле, ки пеш аз орзу кардан, тарсиданро омӯхтааст.
Филм инчунин ба паёмадҳои ҷанг ва таҳримҳо барои зиндагии мардуми одӣ ишора мекунад. Дар он нишон дода мешавад, ки ҷангҳо ва таҳримҳои иқтисодӣ, ки бо баҳонаҳои гуногуни сиёсӣ амалӣ мешаванд, пеш аз ҳама ба зиндагӣ ва рӯзгори шаҳрвандони одӣ таъсир мерасонанд. Қурбониёни аслии чунин сиёсатҳо ҳамон одамоне ҳастанд, ки дар шаклгирии онҳо нақше надоранд ва дар миёни онҳо кӯдакон бештар аз ҳама аз лиҳози рӯҳӣ ва равонӣ осеб мебинанд.
Филм нахустин намоиши ҷаҳонии худро дар бахши Directors' Fortnight-и ҷашнвораи синамои Канни соли 2025 баргузор кард ва тавонист ҷоизаи Caméra d'Or (Камераи тиллоӣ)-ро барои беҳтарин филми аввали ҷашнвора ба даст орад. Ҳамчунин, ҷоизаи тамошобинони ҳамин бахшро низ соҳиб шуд.
Ин филм ҳамчун намояндаи Ироқ барои рақобат дар бахши «Беҳтарин филми байналмилалии ҳунарӣ» дар давраи 98-уми Ҷоизаҳои «Оскар» интихоб гардид ва 6 феврали соли 2026 аз ҷониби ширкати Sony Pictures Classics дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба намоиш баромад.
Ба қалами Руҳангез Анӯшӣ.
4360566