Аҳмад Атия Рабиъ, ҷавони мисрӣ пас аз таҳсил дар дабиристони Ал-Азҳар муваффақ ба ҳифзи кулли Қуръони Карим шуд, аммо таҳсили ӯ дар донишгоҳ дар риштаи пизишкӣ монеи барои тадовуми фаъолитҳои Қуръонии ӯ набудааст. Ин ҷавони мисрӣ аҳли устони Ал-Фиюм пас аз поёни таҳсилоти мутавасситаи худ дар Миср муваффақ ба дарёфти бурсияи таҳсилӣ аз коллеҷи федерали улуми пизишкии Русия дар Казан ба ин кишвар сафар кард ва дар онҷо буд, ки пас аз омӯхтани забони русӣ бо саволоти бисёре аз ҷониби мардуми ин кишвар дар мавриди Ислом ва Қуръон мувоҷеҳ шуд.
Ба гуфтаи вай ҳифзи тарҷумаи Қуръон ба забони русӣ ба ӯ кумак кардааст то тасаллути бештаре бар забони русӣ пайдо кунад ва ин амр иртиботи ӯ бо мардуми он кишварро роҳаттар кардааст. Аз сӯе бо ҳифзи тарҷумаи Қуръон ба забони русӣ акнун беҳтар метавонад ба пурсишҳо дар мавриди Қуръон ва Ислом посух диҳад.
Аҳмад Атия Рабиъ, ҳамчунин муваффақ ба ҳифзи кулли тарҷумаи Қуръон ба забони англисӣ низ шудааст. Ӯ байналмилалӣ будани забони англисӣ ва ривоҷи бештари он дар сатҳи ҷаҳонро омили талоши худ барои ҳифзи тарҷумаи Қуръон ба ин забон тавсиф мекунад.
Ӯ ҳамчунин аз қасди худ барои ҳифзи тарҷумаи Қуръон ба забони олмонӣ мегӯяд. Ба гуфтаи Аҳмад тасаллути ӯ ба ин забонҳо сабаб шуда то ба хубӣ бо миллиятҳои мухталиф иртибот барқарор кунад ва битавонад Ислом ва Қуръонро беҳтар ба онҳо муаррифӣ карда ва ба пурсишҳои онҳо дар ин замина посух диҳад.