Ба гузориши икно бо истинод ба расонаҳои Ироқ, Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадризо Систонӣ, фарзанди калонӣ ва мудири корҳои дафтари марҷаи аъло ҳазрати Оятуллоҳи узмо Сайид Алӣ Систонӣ, дар паёме ба дафтари Раҳбари муаззами Инқилоб навишт:
«Шоиста он буд, ки падарам, Оятуллоҳи узмо Сайид Алӣ Систонӣ, намози ҷанозаро бар пайкари раҳбари шаҳиди Инқилоб адо кунад, аммо вазъи ҷисмонӣ ва саломатии эшон имкони анҷоми ин вазифаро намедиҳад.»
Ҳамчунин, гуфта мешавад бар асоси тасмиме, ки то ин лаҳза гирифта шудааст, Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадтақӣ Ҳаким дар шаҳри Наҷаф намози ҷанозаро бар пайкари раҳбари шаҳиди Инқилоб баргузор хоҳад кард.
Эшон бародари марҷаи фақиди тақлид Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадсаид Ҳаким буда, аз уламои барҷастаи Наҷафи Ашраф ва шахсиятҳои мавриди эҳтироми мардум ва ҷомеаи Ироқ ба шумор меравад.
4362625