IQNA

Баргузидагон мусобиқоти байналмилалии Қуръон байни занон дар Иморот муаррифӣ шуданд 

6:49 - September 24, 2023
рақами хабар: 487
Имороти Муттаҳидаи Араб (ИКНА) нафароти бартари ҳафтумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръони "Шайха Фотима бинт Муборак" вижаи занон, 22 сентябр, дар шаҳри "Дубай"-и Иморот муаррифӣ шуданд ва намояндаи Урдун рутбаи нахуст шуд.

Бар асоси ин гузориш, ойини ихтитомияи ин мусобиқот ба ҳиммати муассисаи байналмилалии Қуръони ҷоизаи Дубай баргузор шуд ва "Амина бинт Ҳамид Алтайр", раиси шӯрои идорӣ анҷумани "Ан-наҳза" вижаи бонувон, "Марям Муҳаммад Ар-Рамисӣ", мудири кулли муассисаи тавсеаи хонаводаи Иморот, мудирони муассисот ва марокизи омӯзиши ҳифзи Қуръон вижаи бонувон, мутасобиқин ва аъзои кумитаи доварон, аъзои кумитаи баргузоркунандаи рақобатҳо ва шуморе аз ҳамроҳони ширкаткунандагон аз ҳозирон дар ин маросим буданд.

Ин рақобатҳо бо тиловати оёте аз каломуллоҳи Маҷид тавассути "Оиша Изза Муҳаммад Рашид" аз Ҳинд оғоз шуд ва дар идома филми мустанаде аз оғози ин мусобиқот аз ҳафт соли пеш токунун пахш шуд.

Дар идомаи ин маросим асомии 10 нафари бартари ин мусобиқот муаррифӣ шуд, ки "Сундус Саид Муҳаммад Саидовӣ"аз Урдун рутбаи нахуст ва "Умма Раҳмон Бадиъ Кулайб" аз Баҳрайн рутбаи дувумро касб карданд ва "Ясмин Валад Далӣ" аз Алҷазоир, "Маслаҳа Ҷамолуддин" аз Индонезия ва "Асмо Абдураҳмон Абдуллоҳ Абдулмалик" аз Яман ба таври муштарак севум шуданд. 

"Энди Бушо Терра" аз Сенегал ба рутбаи шашум даст ёфт ва "Насиба Ҳақ Фаиза" аз Бангладеш ва "Оишаи Ҳамид Муҳаммад" аз Камерун ба таври муштарак ба рутбаи ҳафтум даст ёфтанд ва "Сумая Алӣ Ҷумъа" аз Танзания рутбаи нӯҳумро касб кард ва ҳамчунин, "Самира Нур Муалим" аз Финляндия ва "Набила Нансубоғо" аз Уганда низ ба таври муштарак ҳоизи рутбаи даҳум шуданд. 

Дар ин маросим, аз 10 нафрари бартари ҳафтумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръон вижаи бонувон ба таври хос ва тамоми ширкаткунандагон таҷлил шуд.

Ин мусобиқот аз рӯзи шанбе, 16 сентябр, ба ҳиммати муассисаи байналмилалии Қуръони ҷоизаи Дубай ва дар салони оамфитеатри клуби «Илм ва маданият» воқеъ дар минтақаи Ал-Момарзи Дубай оғоз шуд ва бонувони ҳофизи кулли Қуръон аз 60 кишвари ҷаҳон дар ин давра аз мусобиқот ҳузур доштанд, ки дар риштаи ҳифзи кулли Қуръон ба рақобат пардохтанд.

https://iqna.ir/fa/news/4170520/

captcha