
Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “Ал-Маёдин”, алорағми фишорҳо ва ройзаниҳои фишурдаи режими саҳюнистӣ ва Амрико, аъзои Созмони Милал дирӯз душанбе барои нахустин бор маросими ёдбуди ҳафтоду панҷумин солрузи поксозии қавми мардуми мазлуми Фаластин ва рӯзи таъсиси режими саҳюнистӣ (Рӯзи мусибат)-ро баргузор карданд.
Бино бар гузориши расонаҳои режими саҳюнистӣ "Ҷилъод Ардан" намояндаи ин режим дар Созмони Милал талоши зиёде карда буд то суфаро ва намояндагони кишварҳо дар ин маросим ширкат накунанд.
14 май 1948 мелодӣ рӯзе аст, ки аз он таҳти унвони “Рӯзи нукбат” (یوم النکبة) ёд мешавад ва сарчашмаи куштори ваҳшёна ва оворагии шумори болое аз ҷамъияти Фаластин аст.
Рӯзи некбат ҳамчунин рӯзе аст, ки режими палиди саҳюнистӣ дар Фаластин эълони мавҷудият кард ва ҳудуди 80 дарсад аз хоки ин кишварро ба ишғоли худ даровард. Дар ин рӯз муҳоҷирати иҷбории мардуми Фаластин ва вуруди яҳудиён аз саросари ҷаҳон ба сарзамини ишғолӣ рӯх дод ва ба шаҳодати 531 фаластинӣ ва оворагии 85 дарсади ҷамъияти Фаластин анҷомид.
Бо шурӯъи ишғоли расмии Фаластин дар байни солҳои 1948 то 1950 беш аз 530 шаҳр ва рустои Фаластин вайро шуд. Бисёре аз ин вайрониҳо ба ин далел рух медод, ки фаластиниҳои овора натавонанд ба хонаҳои худ бозгарданд.