IQNA

Маросимҳо ба муносибати мелоди Паёмбар (с) дар кишварҳои мухталифи исломӣ

19:04 - September 29, 2023
рақами хабар: 513
Теҳрон (ИКНА) Рӯзи мелоди Паёмбари Ислом (с) назди мусулмонони тамоми ҷаҳон яке аз муҳиммтарин ва бузургтарин рӯйдод шумурда шудааст, ки таърихи башарӣ ба худ дида ва аз ин рӯ ҳамвора бо оинҳои мухталифе ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи вилодати Расули Акрам (с) яке аз муҳиммтарин ва бузургтарин рӯзҳо аз назари мусулмонон аст, ки ҳамвора дар тули қарнҳо ҷашн гирифта мешудааст. Чаро, ки дар ин рӯз Расули Худо дида ба ҷаҳон гушӯд, пайғамбаре, ки паёми нур, ҳидоят ва раҳматро барои ҷаҳониён овард ва ингуна ҷаҳонро барои ҳамеша дигаргун сохт; Паёмбаре, ки бо паёми худ муҳри хатм бар силсилаи фиристодагони илоҳӣ зад ва раҳмати Худованд бар ҷаҳониёнро комил кард.

Одоб ва русуми ҷашни мелоди Паёмбари Акрам (с) аз кишваре ба кишвари дигар ва аз ҷое ба ҷой дигар бар асоси одобурсуми мардуми як кишвари мутафовит аст, аммо дар ниҳоят ҳамаи онҳо як ҳадафро думбол мекунанд, ки онҳам бузургдошти мелоди Паёмбар (с) аст. Дар идома боризтарин ҷанбаҳои ҷашни мелоди Паёмбар (с) дар 9 кишвари арабӣ ва исломӣ ироа шудааст:

Миср 

Мисриҳо дар рӯзи мелоди Паёмбар муштоқи хариди шириниҳои хосси ин рӯз, баргузории маҳофили зикр ва ибтиҳол, маросими тиловати Қуръон ва ҳадия додан дар канори пахши хайрот ҳастанд. 

جمعه/آیین‌های بزرگداشت میلاد نبی(ص) در کشورهای مختلف اسلامی

Судон 

Мардум Судон дар ин рӯз ҷашнҳои бузурге тартиб медиҳанд, ки бо оинҳои маҳаллӣ аз қабл муноҷотхонӣ ва тавзеъи шириниҳои вижа ҳамроҳ аст. 

جمعه/آیین‌های بزرگداشت میلاد نبی(ص) در کشورهای مختلف اسلامی

Марокаш 

Марокашиҳо дар ин рӯз маҳофили зикри бузурге барпо мекунанд ва дар канори он ба тиловати Қуръон мепардозанд. Дар ин рӯз шириниҳои вижае пухта мешавад.

جمعه/آیین‌های بزرگداشت میلاد نبی(ص) در کشورهای مختلف اسلامی 
Алҷазоир 

Оинҳои бузургдошти мелоди Паёмбар (с) дар Алҷазоир аз устон ба устони дигар мутафовит аст, аммо тиловати Қуръон ва сурудҳои мазҳабӣ, ва пухт ва пахши шириниҳои вижа ваҷҳи муштараки тамоми ин маросим ҳастанд.

جمعه/آیین‌های بزرگداشت میلاد نبی(ص) در کشورهای مختلف اسلامی

Фаластин

Мардуми Фаластин дар ин рӯз маҳофили зикр ва наътхонӣ барпо мекунанд, ба дидори ҳамдигар мераванд ва пухти шириниҳои вижаи ин рӯз аз муҳиммтарин бахшҳои суннатҳои Фаластин аст.

جمعه/آیین‌های بزرگداشت میلاد نبی(ص) در کشورهای مختلف اسلامی 
Арабистони Саудӣ

Бахше аз манотиқи Арабистон низ шоҳиди баргузории маросими аз қабили хондани хутбаҳои мазҳабӣ, диду боздид ва пухти ғизоҳои вижааст, бо инҳол сиёсати расмии Арабистон дар ин замина мухолифат бо баргузориҳои ҷашнҳои мелоди набавӣ аст.

Уммон 

Мардуми Уммон дар ин рӯз маҳфили бузурге барпо мекунанд, ки ваҷҳи боризи он хондани ашъоре дар мадҳи Паёмбар (с) аст.

Либия 

Рӯзи мелоди Паёмбар дар ин кишвар бо баргузории ҷашнҳои бузурге ҳамроҳ аст, ки дар он оташбозӣ ва бозиҳои ҷавонон бо шавқи фаровон думбол мешавад.

جمعه/آیین‌های بزرگداشت میلاد نبی(ص) در کشورهای مختلف اسلامی

Индонезия 

Мардуми Индонезия ба муносибати солрузи мелоди Паёмбар (с) яке аз бузургтарин ҷашнҳои ин кишварро баргузор мекунанд, маросими ҷашн, ки дар масоҷид ва марокизи мазҳабӣ баргузор мешавад, ҳамроҳ бо тиловати Қуръон ва хондани муноҷотҳои мазҳабӣ аст.

جمعه/آیین‌های بزرگداشت میلاد نبی(ص) در کشورهای مختلف اسلامی

https://iqna.ir/fa/news/4171489

captcha