IQNA

Сураҳои Қуръон / 84

Нишонаҳои поёни дунё дар сураи Иншиқоқ

15:12 - October 07, 2023
рақами хабар: 533
Теҳрон (ИКНА) инки поёни дунё чигуна хоҳад буд саволе аст, ки зеҳни инсонро ба худ машғул кардааст. Посухи ин савол дар бахшҳои мухталифи Қуръони Карим дида мешавад ба унвони мисол шикофта шудани осмон ва кашида шудани замин, иттифоқоти қатъӣ ҳастанд.

Ҳаштоду чаҳорумин сураи Қуръони Карим Иншиқоқ ном дорад. Ин сура бо 25 оят дар ҷузът сиюм қарор гирифтааст. Иншиқоқ, ки аз сураҳои макӣ аст, дар тартиби нузул, ҳаштоду севумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Номгузории ин сура ба номи Иншиқоқ ба маънои «шикофта шудан» ба далели сухан гуфтан аз шикофта шудани осмон ба ҳангоми оғози қиёмат дар оғози он сурааст.

Сураи Иншиқоқ дар бораи алоими қиёмат ва поёни ин ҷаҳон ва маод сухан мегӯяд ва мардумро дар охират бар ду даста медонад: гурӯҳе, ки номаи аъмолашон ба дасти росташон дода мешавад, ҳисобрасияшон осон аст ва гурӯҳе, ки номаи аъмолашон аз пушти сарашон дода мешавад, дохили оташ мешаванд.

Сураи Иншиқоқ ҳамонанди сураҳои макӣ сухани аслиаш дар бораи маод аст ва ҳаводиси он ва охиратро ба тасвир мекашад. Аз миёни ин ҳаводис, ба шикофта шудани осмон ишора мекунад ва сипас ба шарҳи ҳоли ду гурӯҳ мепардозад: гурӯҳи нахуст «Асҳоби Ямин» ҳастанд, ки номаи аъмолашонро ба дасти росташон медиҳанд ва дигарӣ «Асҳоби Шимол» ҳастанд, ки номаи аъмолашонро ба пушти сарашон партоб мекунанд.

Дар тафсири Ал-Мизон меҳварҳои аслии сураро ёдоварии барпоӣ рӯзи қиёмат, талоши инсон барои расидан ба Парвардигораш, ва ҳисобрсӣ аз ӯ бар асоси корҳое аст, ки дар дунё анҷом дода.

Дар ибтидои ин сура таваҷҷӯҳи хонандагонро ба пешгуӣ қатъӣ шикофта шудани осмон ва сипас шикофта шудани замин, дар остонаи растохез, ва қароргирифтани ҳар чиз дар ҷои худ ҷалб мекунад.

Онгоҳ дар бахши аввал инсонро мавриди хитоб қарор медиҳад ва ба инсонҳое, ки бехабар ва саргардон, ба думболи гузарондани рӯзгор ҳастанд ҳушдор медиҳад, ки саранҷом ва поёни қатъӣ дар интизорашон аст ва натиҷаи рафтан ба роҳи каҷ ва роҳи рост ва оқибат ҳар якро ёдовар мешавад, ки чигуна корномаи гурӯҳеро ба нишонаӣ хушбахтӣ ба дасти росташон медиҳанд ва корномаи гурӯҳи дигарро, ба нишонаи бадбахтӣ аз пушти сар меандозанд. Ин афрод ба далели инки дар дунё ба рӯзи қиёмат фикр намекарданд, дар он рӯз, ҳазор бор оризӯи марг мекунанд, аммо роҳе ба ҷуз шӯълаҳои оташ надоранд.

Дар бахши дувум зеҳн ва андеша инсонро бо ба тасвир кашидани шафақ, ки нишондиҳандаи поёни рӯз аст, ва ҳамчунин муқоисаи масири ҳаракат ва талоши инсон бо ҳаракати шаб ва рӯз, ва тағйироти моҳ дар тӯли сирӯз ба ин самт мекашонад, ки инсон мутаваҷҷеҳ шавад ӯ низ монанди моҳ ва хуршед, таҳти фармони Худованд ҳастанд.

 

captcha