Марҳум устод Шаҳот Муҳаммад Анвар (1950- 2008) дар минтақае рушд ёфт, ки мутаассир аз тиловатҳои Шайх Занотӣ ва Маҳмуд Ҳамди Зомил буд. Ба назар мерасад Шаҳот барои ҳар калима шахсияти мустақил қоил буд ва онҳоро тафкик шуда аз ҳам адо мекард. Ин бинишро аз Ҳамди Зомил ахз карда буд, чун пойи тиловати Ҳамди Зомил менишаст. Дар бораи эҳтимоли таъсири Занотӣ низ, ки пештар ишора кардам.
Вижаги хосси тиловати Шаҳот, ҳамоҳанги аст. Як иттиҳод, таодул, якпорчагӣ ва ҳамоҳангӣ байни аҷзои тиловати ӯ вуҷуд дорад. Дар асри ҳозир, ки даргири фазои маҷозӣ ҳастем, табдил ба одат шуда, ки насли ҷадид, ҳавсала надоранд тиловати комил гӯш кунанд, балки як фароз ё қитъа гӯш мекунанд. Ин кор мӯҷиб мешавад, ки радифхонӣ, муназзамхонӣ ва ҳамоҳангиро ёд нагиранд.
Пурсише, ки шояд барои қориёни насли оянда дар бораи Шаҳот муфид бошад, ин савол аст, ки чӣ чизе хондани Шаҳотро зебо карда буд? Агар бихоҳем усулӣ ба ин савол посух диҳем, бояд бидонем, ки як асари ҳунарии зебо чӣ вижагиҳои дорад. Ҳол агар ба мабонии зебоишиносӣ ва фалсафаи ҳунар бипардозем ба чанд асл мерасем: аввалин асл, назм ва қоидамандӣ аст, ки боис мешавад, мухотаб бо он ҳамроҳ шавад.
Вижагиҳои зебоишиносии тиловат
Хондани Шаҳот, усул ва қавоид ва чаҳорчуб дорад. Ҳамонтавр, ки тиловати Миншовӣ, Абдулбосит ва Мустафо Исмоил қоидаманд аст.
Асли дувум, таносуб ва тиқорун аст. Байни ҷумлаҳои лаҳнии Шаҳот ва масалан Мустафо Исмоил дар тӯли тиловаташон, таносуб вуҷуд дорад.
Қаринасозиҳои Шаҳот бисёр халлоқона ва бо андозаи мушаххас анҷом шудааст ва кам ва зиёд намешавад. Намунаи ин вижагиро метавон дар қироати ӯ аз оёти ибтидои сураи Шамс (дар қироати маъруфи Каҳф ва Шамс) шунид. Шаҳот рӯи ин тарроҳиҳо фикр карда, кор карда ва рафта рафта пухта шудааст.
Ӯ мусиқии каломиро мешинохт ва мафоҳими оётро медонист. Он тарроҳиҳоро қатъан дар тамринот ва маҷолиси бисёре, ки барои тиловат ширкат мекард, имтиҳон мекард ва ба мурур бо таҷорибе, ки касб карда буд, метавонист дар тиловатҳояш, нағамотро ба таври дақиқ ва ҳисобшуда бар калимот савор кунад ва дар лаҳза, тиловати мондагор халқ кунад.
Дар тиловати устод Шаҳот Анвар, мо назмеро мебинем, ки хеле муназзамтар аз тиловати устод Абдулбосит аст. Бо инки тиловати Абдулбосит улгӯи собити худро дорад, аммо тиловати Шаҳот, хос аст. Тиловати Шаҳот дар бурҳае барои доварони мусобиқоти кишварҳо улгӯ буд ва агар мутасобиқон наздик ба Шаҳот мехонданд, имтиёз мегирифтанд.