IQNA

Сураҳои Қуръон / 88

Шигифтиҳои офариниш дар сураи Ғошия

14:34 - October 12, 2023
рақами хабар: 555
Теҳрон (ИКНА) дар дунё неъматҳо ва мавҷудоти зиёде аз тарафи Худованд офарида шудааст, ки ҳар як дорои зебоиҳо ва ҷаззобиятҳои хоссе ҳастанд. Дар ин миён, Қуръони Карим дар яке аз оятҳои худ инсонҳоро ба тафаккур дар офариниши шутур даъват мекунад; Мавҷуде, ки ҳамоҳанг ва ҳамроҳ бо табиат офарида шудааст.

Ҳаштоду ҳаштумин сураи Қуръони Карим “Ғошия” ном дорад. Ин сура бо 26 оят дар ҷузъи сиюми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Ғошия, ки аз сураҳои макӣ аст, дар тартиби нузул шасту ҳаштумин сурае аст, ки бар Паёмбар (с) нозил шудааст.

Ғошия ба маънои «пӯшондан» ва яке аз номҳои қиёмат аст. Интихоби ин ном барои қиёмат ба ин далел аст, ки рӯзи қиёмат ва ҳаводиси он ба сурати ногаҳонӣ ҳамаи инсонҳоро зери пӯшиши худ қарор медиҳад. Ин вожа дар аввалини ояти ин сура омадааст.

Мавзӯъи аслии ин сура, рӯзи қиёмат аст, ки махсуси муҷозотҳо ва азобҳои дардноки муҷримон ва подошҳои мӯъминон аст.

Дар ин сура, қиёматро бо шарҳи вазъияти мардум дар он рӯз тавсиф мекунад. Чаро, ки мардум дар рӯзи қиёмат ба ду даста тақсим мешаванд; Иддае хушҳол ва шод ҳастанд ва иддае нороҳат ва бадбахт ва ҳар як аз ин ду гурӯҳ, дар ҷое, ки барояшон омода шуда қарор мегиранд; Яке дар биҳишт ва дигарӣ дар ҷаҳаннам.

Мавзӯъи дувуми ин сура «тавҳид» ва ишора ба шигифтиҳои офариниш аст; Ин сура бо ёдоварии шигифтиҳои монанди шутур, осмон ва кӯҳҳо таваҷҷуҳи инсонро ба ин се мавзӯъи асроромез ҷалб мекунад ва инсонро ба сӯи офаридагори онҳо роҳнамоӣ мекунад.

Мавзӯъи севуми ин сура, «мақоми паёмбарӣ» ва вазоифи Паёмбар дар баробари инсонҳост. Дар ин сура ба Паёмбари Ислом (с) дастур дода мешавад, ки ба мардум тазаккур диҳад дар мавриди инки Худованд чигуна ин дунёро офаридааст ва ҳамчунин ин масъала, ки бозгашти инсонҳо ба сӯи Худованд аст ва баррасӣ ва ҳисобрсии аъмолашон бо ӯ аст.

Яке аз мавориде, ки дар ин сура баён шуда ва таъкид шуда, ки инсонҳо дар мавриди он фикр кунанд, шутур аст: أَفَلَا ینظُرُونَ إِلَی الْإِبِلِ کیفَ خُلِقَتْ: “Оё ба шутур наменгаранд, ки чигуна офарида шуда?” (Ғошия / 17). Шутур яке аз мавҷудоте аст, ки дорои қобилиятҳои зиёде буда ва тафаккур дар мавриди он, боиси ҳайрат ва шигифтӣ мешавад. Пилкҳояш дар баробари бод ва хоки биёбон муқовим аст, дар кӯҳони худ чарбӣ ва ғизоро захира карда ва дар баробари гуруснагӣ муқовим аст. Дар баднаш обро нигаҳдорӣ карда ва дар баробари ташнагӣ муқовим аст, роҳҳоро ҳатто дар биёён мешиносад, кафи пои ӯ барои роҳ рафтан дар биёёнҳо офарида шуда, гардани ӯ пиллае барои савор шудан ва аҳруме барои нигаҳдоштани бор аст ва ба таври куллӣ ҳамонтавр, ки арабҳо мегӯянд: «шутур киштии биёбонҳост». Қавитарин, кам харҷтарин, пурфоидатарин ва оромтарин ва бурдбортарин ҳайвонҳо аст.

 

captcha