Дар ин дидор, ки "Маҳдии Шӯштарӣ", дастёри вазири хорҷа ва "Муҷтабо Амонӣ", сафири Эрон дар Бейрут низ ҳузур доштанд, ду тараф дар бораи ҷинояти ваҳшёнаи саҳюнистҳо алайҳи сокинони Ғазза, авзоъи Каронаи Бохтарӣ ва Масҷидулақсо ва таҳаввулоти минтақа ба вижа пас аз амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо" ва таҷовузи мустамари саҳюнистҳо ба Ғазза баҳс ва табодули назар карданд.
Дар ин дидор ҳамчунин, авзоъ ва мавозеи байналмилалӣ ва минтақаӣ ва натоиҷи эҳтимолӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт.
Амирабдуллоҳиён ва Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар ин дидор дар мавриди масъулиятҳое, ки бар ӯҳдаи ҳамагон гузошта шуда ва мавозеи, ки бояд дар қиболи ин ҳаводиси таърихӣ ва таҳаввулоти хатарнок иттихоз шавад, ройзанӣ карданд.
3515101