IQNA

Сураҳои Қуръон / 90

Шарти расидан ба хушбахтии ниҳоӣ

19:35 - October 15, 2023
рақами хабар: 572
Теҳрон (ИКНА) инсонҳо барои худ як ҳадафи ниҳоӣ доранд ва он расидан ба хушбахтии комил ва ҳамешагӣ аст. Ҳарчанд ин як ҳадафи муштарак аст, аммо инсонҳо роҳҳои мухталиферо барои расидан ба он интихоб мекунанд.

Навадумин сураи Қуръони Карим “Балад” ном дорад. Ин сура бо 20 оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. “Балад”, ки аз сураҳои макӣ аст, дар тартиби нузул, сию панҷумин сурае аст, ки бар Паёмбар (с) нозил шудааст.

“Балад” ба маънои сарзамин ва шаҳр аст. Дар аввалин ояти ин сура Худованд ба “Балад”, ки ишора ба шаҳри Макка дорад, савганд ёд кардааст.

Меҳвари аслии сура баёни ин воқеият аст, ки инсон дар дунё аз лаҳзаи оғози зиндагӣ то марг, осоиш ва оромиши бидуни сахтӣ ва нороҳатӣ надорад ва хушбахтии комил ва роҳатии бидуни сахтӣ, фақат дар ҷаҳони охират имкон пазир аст.

Савганд ба шаҳри Макка барои баёни бузургӣ ва қидосати он аст. Сипас ба офариниши инсон ва инки зиндагии ӯ ҳамроҳ бо ранҷ ва сахтӣ аст ишора шудааст.

Сахттарин, аммо бо арзиштарин корҳои инсон, озодкардани бардаҳо, ғизододан ва кӯмак ба инсонҳои бенаво муаррифӣ шуда ва Худованд некӯкоронро “أَصْحابُ الْمَيْمَنَةِ” (асҳоби ямин, биҳиштиён) ва бадкоронро “أَصْحابُ الْمَشْئَمَةِ” (асҳоби шимол, дӯзахиён) хондааст.

Сура бо иборати «لااُقْسِم‌ُ» оғоз шуда ва дар дувумин оят, ба ҳузури Паёмбари Ислом (с) дар Макка ишора мешавад. Бештари муфассирон ин иборатро ба маънои қасам донистаанд ва далели қасамро қидосат ва бузургии Макка ва ҳамчунин ҳузури Паёмбари Ислом (с) дар он шаҳр унвон кардаанд.

Гурӯҳи дигар, иборати «لااُقْسِم‌ُ»-ро ба сурати зоҳирӣ маъно кардаанд; Бар ин асос маънои ин оят чунин мешавад, ки ”Чигуна метавон ба Макка савганд хӯрд; Ҳол онки эй Паёмбар! дар онҷоӣ ва ҳурматат пос намедоранд”.

Ин оят бо ояти فَلا اُقْسِم‌ُ بِمَواقِع‌ِ النُّجوم: На [чунин аст, ки ме‏пиндоред] савганд ба ҷойгоҳҳои [вежа ва фавосили муайяни] ситорагон” (Воқеа/75) муқоиса шудааст. Дар асри ҷоҳилият ба ситорагон қасам мехӯрданд ва Худованд ин корро манъ кардааст. Дар сураи “Балад” низ ба ин мафҳум ишора шуда, ки мушрикон, ба Макка эҳтиром мегузоранд, аммо эҳтироми Паёмбари Ислом (с)-ро нигаҳ намедоранд.

Қасам ба والِد وَ ما وَلَدَ: “Савганд ба падар ва он касеро, ки ба вуҷудовард” дар ояти севум, ин назарияро тақвият мекунад. Мисли инки аз қасамхӯрдан ба шаҳри Макка ҷилавгирӣ шуда ва савгандхӯрдан ба « والِد» ва «وَلَدَ», ҷои онро гирифтааст. Бархе муфассирон «والِد»-ро Иброҳим (а) ва «وَلَدَ»-ро Исмоил (а) ё Паёмбари Ислом (с) донистаанд.

Иртиботи ин қасамҳо бо ояти баъд, ки мефармояд: لَقَدْ خَلَقْنَا الاِنْسان‌َ فی‌کَبَد: “Баростӣ, ки инсонро дар ранҷ офаридаем” (Балад / 4) ин аст, ки ҳамонтавр, ки дар он давра барои расидан ба Макка ва хонаи Худо сахтиҳои зиёде вуҷуд дошт, дар масири зиндагӣ низ барои қарор гирифтан дар масири Худо ва расидан ба Худованд низ сахтиҳои зиёде вуҷуд дорад ва шарти расидан ба хӯшбахтӣ таҳаммул кардан ва убур кардан аз ин сахтиҳост.

captcha