Тиловати зебои имдодгари фаластинии аҳли Ғазза аз оёти 153 то 155 сураи муборакаи Бақара бо таваҷҷуҳ ба лаҳни зебо ва маънои ин оёт мавриди таваҷҷуҳи густардаи корбарони фазои маҷозӣ қарор гирифтааст.
Дар видеои интишорёфтаи ин имдодгари фаластинӣ ин оёти муборакаро тиловат мекунад: يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَعِينُوا بِالصَّبْرِ وَالصَّلَاةِ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ: "Эй аҳли имон аз сабр ва намоз [барои ҳалли мушкилоти худ ва пок мондан аз олудгиҳо ва расидан ба раҳмати ҳақ] кӯмак бихоҳед зеро Худо бо собирон аст. وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتٌ بَلْ أَحْيَاءٌ وَلَكِنْ لَا تَشْعُرُونَ: "Ба онон, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд мурда нагӯед, балки [дар олами барзах] дорои ҳаётанд, вале шумо [кайфияти он ҳаётро] дарк намекунед" (153 ва 154 сураи Бақара).
Расонаҳои фаластинӣ гузориш доданд аз замони оғози таҷовузоти режими палиди саҳюнистӣ ба Навори Ғазза шумори шуҳадои фаластинӣ ба беш аз 2200 нафар ва теъдоди маҷрӯҳон ба беш аз 8 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Режими палиди саҳюнистӣ аз вуруди кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза ҷилавгирӣ ва аз сокинони бахши шимолӣ хостааст то минтақаро тарк кунанд, иқдоме, ки аз нигоҳи бисёре ҷинояти ҷангӣ маҳсуб мешавад.