IQNA

Масҷиди бузурги Испания ҳар ҳафта тозамусулмон дорад + филм

20:42 - June 01, 2023
рақами хабар: 59
Масҷиди Гранада дар Испания ҳар ҳафта пазирои касоне аст, ки ба оини муқаддаси Ислом мушарраф мешаванд.

Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “About Islam” солҳост, ки мардуми Испания тақрибан дар ҳар ҷумъа шоҳиди тоза мусулмононе аст, ки калимоти шаҳодатайнро баён карда ва ба сареътарин дини дар ҳоли рушди ҷаҳон мепайванданд.

Дар видеое, ки хабаргузории Анадолу ва Евронюс ба иштирок гузоштаан, як ҷавони испанияӣ ба номи “Хосе Мигел” дар ҳоли гуфтани шаҳодатайн дар масҷиди ҷомеъи Гранада пас аз намози ҷумъа дида мешавад.

Ба гузориши “Yeni Safaq”, Умар Делпоза, раиси анҷумани ҷомеаи Исломии Испания ва бунёди масҷиди бузург Гранада, гуфт: тақрибан ҳар ҷумъа як испанияӣ дар масҷиди мо ба Ислом гаравидааст. Теъдоди испанияиҳое, ки ба Ислом гаравиданд, ба вижа пас аз ҳамагирии ковиди-19, афзоиши зиёде дорад. Ин боиси хушҳолӣ ва ифтихори мост.

Вай тавзеҳ дод: ҳудуди 36000 мусулмон дар шаҳрҳо ва навоҳии Гранада зиндагӣ мекунанд. Ҳудуд 3700 нафар аз онҳо испанияиҳое ҳастанд, ки ба Ислом гаравиданд ва теъдоди дигар фарзандони насли сеюми онҳо ба ҳисоб меоянд.

Муҳаммад Аҷана, дабири камиссияи Исломии Испания гуфт: ҷамъияти мусулмонони Испания дар 30 соли гузашта 10 баробар шуда ва бар асоси асноди расмӣ аз 2,5 миллион нафар гузаштааст. Арқоми ғайри расмӣ мегӯянд, ки ҳудуди 3 миллион мусулмон дар Испания зиндагӣ мекунанд.

Бар асоси гузориши Иттиҳодияи Ҷавомеи Исломии (UCIDE), мусулмонон 3,8 дарсад аз ҷамъияти Испания, 40 дарсад испанияӣ ва 60 дарсадро муҳоҷирон ташкил медиҳанд.

Мсулмонони Испания бештар аҳли Марокаш ҳастанд. Бо ин ҳол, теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз мусулмонони покистонӣ ва сенегалӣ дар шаҳрҳое монанд Барселона, Валенсия ва Логрона вуҷуд дорад.

Масҷиди ҷомеъи Гранада дар шаҳри Андалус, ҷануби Испания воқеъ шуда ва наздики Қасри машҳури Алҳамбра аст, ки шоҳкори ҳунарии исломӣ ва ёдгори ҳузури Ислом дар минтақаи Андалус аст. Масҷиди бузурги Гранада дар баргузории як ҷашни таърихӣ дар тобистони соли 2003 ифтитоҳ шуд.

код
captcha