IQNA

Охирин таҳаввулоти Фаластин

Аз идомаи ҳамалот ба Ғазза то шиддат гирифтани даргириҳо дар Каронаи Бохтарӣ

13:34 - October 21, 2023
рақами хабар: 602
Фаластин (ИКНА) артиши ишғолгари режими палиди саҳюнистӣ дар чаҳордаҳумин рӯзи таҷовузоти худ ба Ғазза ба бомбаборони манотиқи маскунӣ идома дод, ки мунҷар ба шаҳодати даҳҳо нафар шуд. Бомбаборони мустамари Ғазза токунун 3785 шаҳид ва беш аз 12000 захмӣ барҷой гузоштааст, ки аксарияти ононро кӯдакон ва занон ташкил медиҳанд.

Ба гузориши Алҷазира, артиши ишғолгари режими палиди саҳюнистӣ дар чаҳордаҳумин рӯзи таҷовузоти худ ба Ғазза ба бомбаборони манотиқи маскунӣ идома дод, ки мунҷар ба шаҳодати диҳҳо нафар шуд, бомбаборони мустамари Ғазза токунун 3785 шаҳид ва беш аз 12000 захми барҷой гузоштааст, ки аксарияти онҳоро кӯдакон ва занон ташкил медиҳанд.

Аз сӯе ба гуфтаи радио ва телевизион расмии режими саҳиюнистӣ артиши ишғолгар худро барои ҳамлаи заминӣ ба навори Ғазза омода мекунад.

Илова бар ин ба гуфтаи хабарнигори Алҷазира кобинаи режими саҳюнистӣ тарҳи кӯмак барои тахлияи сокинони шаҳри Асқалонро тасвиб кардааст. 

Тақвияти ҳузури полиси режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ

Ба гуфтаи хабарнигори Алҷазира, низомиёни саҳюнистӣ ҳузури худро дар муҷовирати Масҷидулақсо ва шаҳри қадимӣ дар Қудси ишғолӣ тақвият кардаанд. 

Ин хабарнигор тасреҳ кард: полиси ишғолгар маҳдудитҳои шадидеро барои ҷилавгирӣ аз вуруди Фаластиниён барои иқомаи намози ҷумъа ба Масҷидулақсо эъмол мекунад.

Дастгирии даҳҳо шаҳрванди фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ рӯзи ҷумъа даҳҳо Фаластиниро дар манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ боздошт карданд.

Хабарнигори Алҷазира гузориш дод, ки неруҳои ишғолгари режими палиди саҳюнистӣ пас аз даргирии 27 соата аз урдугоҳи Нурушшамс дар наздикии Тӯлкарам дар шимоли Каронаи Бохтарӣ ақибнишинӣ карданд.

Артиши режими саҳюнистӣ эълом кардааст, ки дишаб 100 ҳадафи ҷадид дар Навори Ғаззаро бомбаборон кардааст.

Тахлияи шаҳраки Кириёт Шамуна дар наздикии марзи Лубнон

Ба гузориши Рейтер вазорати дифои режими палиди саҳюнистӣ аз иҷрои тарҳе барои тахлияи сокинони шаҳраки Кириёт Шамуна  дар наздикии марзи Лубнон хабар дод. 

Дар ҳамин замина, артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ эълом кард, ки ракетҳое, ки аз Лубнон ба самти Исроил шиллик шуд, аз тарафи Ҳизбуллоҳ буда, агарчи Ҳамос масъулияти онро бар ӯҳда гирифтааст.

https://iqna.ir/fa/news/4176585

captcha