Наваду севумин сураи Қуръони Карим “Зуҳо” ном дорад. Ин сура бо 11 оят дар ҷузъи сиюми Қуръони Карим қарор гирифтааст. “Зуҳо”, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, ёздаҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
“Зуҳо” ба оғози рӯз ва пахш шудани нур ҳангоми боло омадани хуршед гуфта мешавад. Ин калима дар ояти аввали ин сура омада ва барои ҳамин, ин сураро “Зуҳо” номиданд.
Ин сура дорои се бахш аст; Бахши аввал, баёни ду савганд ва таъкид бар ҳимоят аз Паёмбари Ислом (с). Бахши дувум, шукргузорӣ аз неъматҳои илоҳӣ. Бахши севум, баёни седастури ахлоқӣ ва иҷтимоӣ: яъне меҳрубонӣ бо ятимон, кӯмак ба ниёзмандон ва ёдкрдан аз неъматҳои Худо.
Ин сура яке аз сураҳое аст, ки якҷо бар Паёмбар (с) нозил шудааст. Муддате бар Паёмбари Ислом (с) сурае ваҳй нашуда буд ва кофирон бар ӯ таъна мезаданд, ки Худованд ӯро раҳо кардааст; Дар чунин шароите сураи Зуҳо нозил шуд. Сураи Зуҳо ба Паёмбар хабар медиҳад, ки Худованд туро раҳо накардааст. Сипас неъматҳои Парвардигорро барои Паёмбар баён мекунад.
Сураи Зуҳо бо ду савганд оғоз мешавад; «рӯшноӣ рӯз» ва «шаб замоне, ки ором мегирад». Сипас ба Паёмбари Ислом (с) ин хабарро медиҳад, ки Худо ҳаргиз ӯро раҳо накардааст. Баъд ба ӯ ин хабари хушро медиҳад, ки Худованд неъматҳои зиёдеро дар ихтиёри ӯ қарор хоҳад дод то ҷое, ки хушҳол ва розӣ бошад. Дар охирин бахш, гузашта ва зиндагонии Паёмбари Ислом (с)-ро ёдоварӣ мекунад, ки Худованд чигуна ӯро ҳамеша мавриди лутф ва раҳмати худ қарор дода ва дар сахттарин лаҳазоти зиндагӣ ҳимояташ кардааст; Барои ҳамин дар оёти поёнӣ ба ӯ дастур медиҳад, ки ба хотири неъматҳое, ки Худованд дар ихтиёри ӯ қарор дода ва барои сипосгузорӣ аз Худованд, бо ятимон ва афроди фақир меҳрубонӣ кунад ва неъматҳои Худовандро ба дигарон баён кунад.
Дар ояти шашуми ин сура ба «ятим будани» Паёмбари Ислом (с) ишора шудааст. Тафсири Маҷмаулбаён ва тафсири Ал-Мизон барои ятим будани Паёмбар ду эҳтимол баён кардааст: аввал инкӣ, Паёмбар падари худро аз даст додааст. Тибқи ончи ривоят шуда, падари Паёмбари Ислом (с), “Абдуллоҳ” аст, ки пеш аз ба дунё омадан ва ё дар замони кӯтоҳ пас аз ба дунё омадани фарзандаш аз дунё рафтааст. Ҳамчунин дар шаш солагӣ модар ва дар ҳашт солагӣ падарбузургаш (Абдулмуталлиб)-ро аз даст дод.
Аммо маънои дувуми «ятим» беназир ва мунҳасир ба фард аст монанди инки ба марвориди хос ва беназир «дурри ятим» гуфта мешавад.