Иҷлоси байналмилалии сулҳи имрӯз, бо ҳузури намояндагоне аз кишварҳои мухталифи минтақа ва ҷаҳон ва ба манзури баррасии таҳаввулоти Ғазза дар пойтахти Миср оғоз шуд.
Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисҷумҳури Миср ба унвони аввалин суханрони ин конфронс таъкид кард: мо ҳамла ва куштор ва тарсондан ҳамаи шаҳрвандонро ба таври комилан ошкор маҳкум ва даъвати худро ба лузуми ҳифозати байналмилалӣ аз миллати Фаластин ва ҳамаи ғайринизомиён эълом мекунем.
Вай бо ишора ба инки Миср ба талошҳо барои ҳамоҳангӣ ва ирсоли кӯмакҳои башардӯстона вуруд кардааст, гуфт: гузаргоҳи Рафаҳро набаста будем балки ин Исроил буд, ки бо бомбаборон онҷо монеъи бозшудани он шуд ва ҳоло бо раисҷумҳури Амрико тавофуқ кардем, ки ин гузаргоҳ боз бимонад.
Раисҷумҳури Миср зимни таъкиди муҷаддад бар мухолифат бо оворакардани иҷбории Фаластиниён гуфт: мо ин мавзӯъро ба маънои нобудии ниҳоӣ мардуми Фаластин бармешуморем.
Вай бо ишора ба инки дар конфронси имрӯз барои дастёбӣ ба тавофуқ бар сари нақшаи роҳи эҳёи раванди сулҳ талош мешавад, гуфт: нақшаи роҳи мубтанӣ бар эҷоди оташбаси фаврӣ то дастёбӣ ба ташкили кишвари мустақили фаластинӣ аст.
Абдуллоҳи дувум, шоҳи Урдун ҳам тайи нутқе дар ин иҷлос бар лузуми пойбандӣ ба қавоиди даргирӣ ва адами таарруз ба ғайринизомиён ҳатто дар вазъияти дифоъ аз хештан таъкид кард ва гуфт: ҳамлаи низомии Исроил, ки ғайринизомиёнро ҳадаф мегирад ва онҳо дар Ғазза таҳти муҳосира қарор дода ва аз ғизо, дору ва кӯмакҳо маҳрум карда, маҳкум аст.
Вай афзуд: авоқиби бетаваҷҷуҳӣ ба иҷрои қавонини байналмилалии башардӯстонаи ҷиддӣ ва хатарнок аст ва ҷанги Ғазза бояд мутаваққиф шавад.
Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин низ дар ин иҷлос таъкид кард: мо ҳаргиз оворакардани Фаластиниён аз Навори Ғазза, Қудс ва Каронаи Бохтариро намепазирем ва бо вуҷуди ҳамаи чолишҳо дар сарзамини худ мемонем.
Вай бо ҳушдор дар бораи ҳамалоти режими ишғолгар ва шаҳракнишинон ва ифротгароҳо алайҳи муқаддасот дар Қудс ва Масҷидулақсо гуфт: амният ва сулҳ бо роҳи ҳали ду давлатӣ муҳаққақ мешавад ба гунае, ки Қудс пойтахти Фаластин бошад.
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал ҳам дар нутқи худ таъкид кард: замони он расидааст, ки ба ин кобӯсе, ки кӯдаконро таҳдид мекунад, поён дода шавад. Замони он расида, ки ба ваҳшат дар Фаластин ва Исроил поён дода шавад.
Вай афзуд: мо бори дигар бар лузуми таваққуфи даргириҳо барои эҷоди сулҳ бар асоси роҳи ҳали ду давлатӣ таъкид мекунем.
Раиси шӯрои Аврупо ҳам бар эҳтимоми он дар ҳимоят аз талошҳо барои расондани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза таъкид кард ва гуфт мо ҳамаи талоши худро барои иҷрои роҳи ҳалли ду давлатӣ ба кор мебандем.