
Шояд барои ҳар инсоне, дар тӯли умраш иттифоқ афтода бошад, ки вақте дилаш мутаваҷҷеҳи Худованд мешавад, надонад, ки чигуна метавонад бо Худо иртибот барқарор кунад. Ин ҳолат мумкин аст онқадар душвор бошад, ки ҳатто таваҷҷӯҳи қалбии ӯ аз даст биравад. Бархе аз мусулмонон дар замони Расули Худо(с), низ ба Паёмбар муроҷиа карданд ва хостанд бидонанд чигуна бо Худо иртибот барқарор кунанд. Оҳиста ё баланд ва бо чӣ кайфияте? Дар он замон ояте нозил шуд, ки мазмуни он бисёр дилгармкунандааст.
وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ فَلْيَسْتَجِيبُوا لِي وَلْيُؤْمِنُوا بِي لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ: “Ва ҳаргоҳ бандагони ман аз ту дар бораи ман бипурсанд [бигӯ] ман наздикм ва дуои дуокунандаро ба ҳангоме, ки маро бихонад, иҷобат мекунм, пас [онон] бояд фармони маро итоат кунанд ва ба ман имон оваранд, то [ба ҳақ ва ҳақиқат] роҳ ёбанд” (Бақара, 186).
Аз ин оят пайдост, ки касе, ки Худоро мехонад, мавриди муҳаббати ӯст ва дутарафа шудани ин иртибот муҳаббатомез ба хости инсон бастагӣ дорад. Дуо кардан яъне бо Худо сухан гуфтан ва дар воқеъ Худоро наздики худ ҳис кардан. Дуо, робитаи қалбӣ бо Худованд аст ва хостан аз Худо нишонаи аз умедворӣ ба Ӯст, чун то умед ба иҷобат шудан надошта бошем, чизе ҳам аз Худо намехоҳем.
Муҳсини Қироатӣ, дар тафсири “Нур” зайли ин оят мегӯяд: дуо дар ҳар вақт ва ҳар ҷое бошад муфид аст, чун Худованд мефармояд “наздик ҳастам” ва наздикии Ӯ ҳамешагӣ аст. Вале мо читавр? Оё мо ҳамеша ба Ӯ наздик ҳастем? Агар гоҳе қаҳри Ӯ домани моро мегирад, ба хотири дӯрии мо аз Ӯст, ки ҳосили гуноҳон аст. Истиҷобти Худо доимӣ аст, на муваққатӣ ва дуо онгоҳ ба иҷобат мерасад, ки ҳамроҳ бо имон бошад, чунонки иборати “وَلْيُؤْمِنُوا بِي: Ба ман имон биёваранд” ба он ишора дорад. Ҳамчунин дуо василаи рушд ва ҳидоят аст “لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ”.
Ҳол пурсиш инҷост, ки вақте Худованд ваъдаи истиҷобат додааст, “ادْعُونِي أَسْتَجِبْ لَكُمْ” чаро бархе дуоҳои мо мустаҷоб намешавад?
Муҳсини Қироатӣ ба ин саволи муҳим посух додааст:
- Баъзе аъмол назири гуноҳ ва зулм ва хӯрдани луқмаи ҳаром ва афв накардани касоне, ки аз мо узрхоҳӣ мекунанд, монеъи истиҷобати дуо мешавад.
- Гоҳе дуо мустаҷоб намешавад, вале мушобеҳи он мустаҷоб мешавад.
- Гоҳе асари дуо дар ояндаи худи инсон ё хонавода ва насли ӯ ё дар қиёмат натиҷа медиҳад ва фаврӣ мустаҷоб намешавад.
- Ҳар дуое, ки мустаҷоб нашуд дар ҳақиқат дуо нест, чун дуо ба маънои талаби хайр аст ва бисёре аз хостаҳои мо шар аст на хайр.
Калидвожаҳо: Қуръон чӣ мегӯяд, дуо, таҳаққуқи орзу, иртиботи бо Худо