Ба гузориши "Mondoweiss", Басел Фараҷ (Basil Farraj), ҷомеашинос ва фаъоли ҳуқуқи зиндонёни фаластинӣ дар ёддоште ба мавзӯъи ташдиди фишор бар асирони фаластинӣ пас аз амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо пардохт ва навишт: аз замони ташдиди ҷанги наслкушии Исроил алайҳи Фаластиниён мазлум ва бедифоъ дар 7 октябри 2023 ва тадовуми бомбаборони Навори Ғазза, дастгирии дастаҷамъиро дар саросари Фаластин ба роҳандохта ва иқдомоти мутааддидеро барои нақзи бештари ҳуқуқи асирон иҷро кардааст.
Фаластиниҳо ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар муддатҳост, ки таваҷҷуҳи худро ба рафтори хушунатомези давлати истеъмории шаҳракнишини Исроил бо асирони фаластинӣ ба унвони бахше аз сиёсатҳои густурдатари Исроил алайҳи Фаластиниён маътуф кардаанд.
Ин шомили маҳдудитҳои шадид бар ҳуқуқи асирони фаластинӣ, шиканҷа, маҳрумият аз муроқибатҳои пизишкӣ, бахшҳои инфиродӣ ва боздошти худсарона ва иқдомоти хушунатомези дигар аст, ки барои тазъиф ва шикастани иродаи онҳо ва шикасти ҷунбиши муқовимат дар байни асирони фаластинӣ тарроҳӣ шудааст.
Дар муқоиса бо гузашта, вазъият дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои Исроил нигаронкунандатар аст, зеро режими палиди саҳюнистӣ, кампайни хушунатомези интиқомҷуёнае алайҳи Фаластиниён дар саросари Фаластин ба роҳандохтааст. Чандин созмони ҳуқуқи башари Фаластинӣ, аз ҷумла Адамир: Анҷумани ҳимоят аз зиндониён ва ҳуқуқи башари (Addameer: Prisoner Support and Human Rights Association), занги хатарро дар мавриди шароити феълии асирон ба садо даровардаанд.
Нақзи ҳуқуқи асирони фаластинӣ
Ҳанӯз омори мушаххасе аз теъдоди асирони Фаластиние, ки дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои режими ҷинояткори Исроил нигаҳдорӣ мешаванд вуҷуд надорад, ба вижа бо таваҷҷуҳ ба маҳдудиятҳои шадиде, ки барои дастрасии вукало ба зиндонҳо эъмол шудааст. Аммо анҷуманҳои ҳуқуқи зиндониёни фаластинӣ тахмин мезананд, ки акнун 10 ҳазор фаластинӣ дар боздошт ба сар мебаранд, ки ду баробари теъдоди зиндонёни қабл аз 7 октябр аст.