Наваду ҳаштумин сураи Қуръони Карим “Баййина” ном дорад. Ин сура бо 8 оят дар ҷузъи сиюми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. “Баййина”, ки аз сураҳои маданӣ аст, дар тартиби нузул садумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Баййина ба маънои «далели ошкор» аст, ки дар оёти аввал ва чаҳоруми ин сура омадааст.
Аллома Таботабоӣ бар асоси суннати илоҳии ҳидояти ҳамагонӣ, умуми будани Рисолати Паёмбарро ҳадафи сура медонад. Вай ҳам чунон ибодати холисона ва эътиқод ба дастуроти илоҳиро, ки Паёмбар(с) ба он даъват кардаро ҳамон динӣ дониста, ки ҳофизи манофеи ҷомеаи инсонӣ аст.
Сураи Баййина душманӣ ва якравӣ ва дербоварии аҳлит китоб дар пазириши дурусти Ислом ва рисолати Паёмбар(с)-ро тавсиф мекунад ва онон ва мушриконро бадтрини мавҷудот медонад, ки муҷозоташон оташ аст. Аз сӯи дигар ба мӯъминон ва некӯкорон хабари вуруд ба биҳишти ҷовдонро медиҳад.
Сураи Баййина ба рисолати ҷаҳонии Паёмбари Ислом (с) ишора мекунад ва онро ҳамроҳ бо далелҳо ва нишонаҳои равшан медонад. Ин сура ду масъалаи фиқҳӣ яъне воҷиб будани намоз ва закотро баён кардааст.
Аҳли китоб ва мушрикон қабл аз Ислом иддао мекарданд, ки дини худро раҳо намекунанд то вақте, ки далели равшан ва паёмбаре аз ҷониби Худо биёяд, ки битавонад китобҳои пок бо мавзӯъот ва матолиби маҳкам ва қавӣ бихонад; Аммо пас аз зуҳури Ислом ва омадани Паёмбари Худо дучори ихтилоф шуданд ва аз сухани худ баргаштанд ва ба ҷуз теъдоди каме, ба муқобила ва ҷанг бархостанд дар ҳоле, ки дин Ислом мардумро ба ибодати холисонаи Парвардгор, дӯрӣ аз ширк, барподоштани намоз ва додани закот, ки усули собити ҳамаи адёни илоҳӣ аст фармон дода буд.
Ҳамчунин дар ин сура ба оқибат ва подоши ду гурӯҳи кофирон ва мӯъминон мепардозад, ки кофирон ба унвони бадтарин мавҷудот муаррифӣ шуда ва ҷойгоҳи ҳамешагияшон оташ аст. Дар муқобил мӯъминон ҳастанд, ки беҳтарин мавҷудот муаррифӣ мешаванд ва подоши онҳо биҳишти ҷовидон аст. Ҳам Худо аз онон хушнуд аст ва ҳам онҳо аз Худо хушнуд ҳастанд.