Наваду нӯҳумин сураи Қуръони Карим “Зилзол” ном дорад. Ин сура бо 8 оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. Дар макӣ ё маданӣ будани сураи Зилзол ихтилофи назар вуҷуд дорад, аммо бештари муфасмирон онро маданӣ медонанд, ки дар тартиби нузул, наваду севумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шуд.
Ин сура аз зилзилаи ниҳоӣ замин ва бар ҳам хӯрдани назми ҷаҳон дар оғози қиёмат сухан мегӯяд. Калимаи “Зилзол” низ ба маънои ларзиш ва зилзила аст, ки дар аввалин ояти ин сура омадааст.
Сураи “Зилзол” аз нишонаҳои рӯзи қиёмат ва инки ҳар некӯкор ва бадкоре дар он рӯз натиҷаи корҳои дунёи худро мебинад, сухан гуфтааст.
Сураи Зилзол се мавзӯъи аслӣ дорад: 1. Нишонаҳои оғози қиёмат; 2. Шаҳодатдодани замин дар рӯзи қиёмат ба корҳое, ки инсон анҷом дода; 3. Тақсими мардум ба некӯкор ва бадкор ва расидани ҳар кас ба подош ё муҷозоти корҳои худаш. Ҳамчунин Худованд дар ин сура бар дақиқ ва сахт ва одилона будани муҳокима дар рӯзи қиёмат таъкид мекунад.
Бар асоси ончи дар ояти дувуми ин сура омада, яке аз нишонаҳои рӯзи қиёмат он аст, ки ба далели ин зилзилаҳо, замин борҳои худро берун мерезад. Муфассирон мӯътақид ҳастанд, манзур аз «борҳои замин» мурдагоне ҳастанд, ки дар замин дафн шудаанд.
Се ояти поёнии ин сура ин нуктаро баён мекунад, ки корҳои инсон дар рӯзи қиёмат ба ҳолати ҷисмӣ намоён мешавад. Яъне корҳои инсон ба суратҳои муносибе дар баробари ӯ ҳозир мешаванд ва дидани онҳо барои инсон далеле барои хушҳолӣ ё ранҷ ва сахтӣ аст.
Дар ояти ҳафтум ва ҳаштуми ин сура омадааст: فَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ؛ وَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُ: “Пас ҳар, ки ҳамвазни заррае некӣ кунад [натиҷаи] онро хоҳад дид; Ва ҳар, ки ҳамвазни заррае бадӣ кунад [натиҷаи] онро хоҳад дид”. «Мисқол» ба маънои миқдор сангинӣ аст ва калимаи «зарра» ба маънои кӯчактарин мӯрча ё зарраҳои пароканда дар ҳаво аст. Албатта имрӯз ба атом низ зарра мегӯяанд. Дар тафсир омадааст манзур аз «онро хоҳад дид», «натиҷаи амал» ё «номаи амал» ё «худи амал» аст. Бинобар ин инсон дар қиёмат, корҳои худро мушоҳида мекунад.