IQNA

Сураҳои Қуръон / 100

Сарзаниши инсон ба далели ношукрӣ нисбат ба Худованд

20:50 - October 31, 2023
рақами хабар: 647
Теҳрон (ИКНА) инсон бартарин мавҷуди халқшуда тавассути Худованд аст бо ин ҳол дар бархе аз оёти Қуръони Карим инсон тавассути Худованд сарзаниш мешавад аз ҷумла дар замонҳое, ки нисбат ба Худованд ношукрӣ мекунанд дар ҳоле, ки неъматҳо ва бахшишҳои Худовандро фаромӯш кардаанд.

Садумин сураи Қуръони Карим “Одиёт” ном дорад. Ин сура бо 11 оят дар ҷузъи сиюми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Дар макӣ ё маданӣ будани сураи “Одиёт” ихтилофи назар вуҷуд дорад. Ин сура дар тартиби нузул, чаҳордаҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

“Одиёт” асбҳои тундраве ҳастанд, ки ҳангоми давидан, садояшон ба гӯш мерасад. Худованд дар нахустин ояти ин сура ба чунин асбҳо ва асб саворони омода савганд мехӯрад, ки аз суми асбҳо оташ мепарад ва субҳи зуд бар душман ҳамла мекунанд. Барои ҳамин ин сура “Одиёт” номида шудааст.

Мавзӯъоти ин сура шомили ин маворид мебошад: 1. Савганд ба асбони тезрави ҷангӣ ва таҷлил аз талошгирон дар роҳи Худо; 2. Ба тасвир кашидани пирӯзии сипоҳи Ислом; 3. Хасисӣ ва носипосии инсон; 4. Зинда шудани мурдагон дар рӯзи қиёмат.

Сураи  Одиёт бо тавсифи талошгирон дар роҳи Худо ва сарбозон ва ба тасвир кашидани саҳнаи ҷанг, ба ношукрии инсон дар баробари Парвардигораш ва хасис будани инсон ба далели молдӯстӣ ва дунёпарастӣ ишора мекунад ва вижагиҳои рӯзи қиёмат ва чигунагии он рӯзро ёдоварӣ мекунад.

Дар ин сура инсон ба далели ношукрӣ нисбат ба Худованд мавриди сарзаниш қарор мегирад: إِنَّ الْإِنسَانَ لِرَبِّهِ لَكَنُودٌ: “Ва инсон нисбат ба Парвардигораш сахт носипос аст” (Одиёт / 6). Дар оёти дигаре низ инсон ба хотири доштани бархе сифот, мавриди сарзаниш қарор гирифтааст. Ба унвони мисол ба хотири ситамгар ва нодон будан, тамаъкор будан, ноумед будан, бесабур будан ва хасис будан. Аммо дар бархе оёт инсон гиромӣ дошта шуда ва нисбат ба соири мавҷудот бартарӣ дошта шудааст. Ин дугонагӣ ба хотири он аст, ки дар инсон ду навъ васила барои тасмимгирӣ вуҷуд дорад: яке ақл ва дигарӣ ғариза. Агар дар роҳи бандагии Худо ва тарбияти илоҳӣ қарор бигирад, бартарӣ меёбад ва агар дар масири ҳавасҳо ва васвасаҳо қарор бигирад, аз ҳадафи аслии худ дӯр мешавад.

Яке аз далоили дӯршудани инсон аз ҳадафи аслии худ алоқаи шадид ба моли дунё аст: إِنَّهُ لِحُبِّ الْخَيْرِ لَشَدِيدٌ: “Ва ростӣ ӯ сахт шефтаи мол аст” (Одиёт / 8). Қуръон аз моли дунё ба «хайр» (хубӣ) таъбир кардааст то бифаҳмонад пул ва дороиҳои инсон дар дунё бояд аз роҳи дуруст ба даст биёяд ва дар роҳи дуруст ва бо шеваи дуруст масраф кунад.

Албатта алломаи Таботабоӣ бар ин бовар аст, ки «хайр» дар ин оят фақат пул ва дороӣ нест ва чун инсон ба сурати зотӣ хубиҳоро дӯст дорад, ба суяш ҷазб мешавад ва ҳамин боис мешавад, ки шукргузорӣ барои Худовандро фаромӯш кунад.

captcha