Вазорати омӯзиш ва парвариши Малайзия ҳафтаеро барои ҳамбстагӣ бо мардуми Фаластин аз 29 октябр то 3 ноябр эълом кард. Дар ин ҳафта барномаҳои мухталифе дар тамоми муассисоти омӯзишӣ дар саросари ин кишвар таҳти назорати ин вазоратхона баргузор шудааст.
Ин вазоратхона дар баёнияе эълом кард, ки ҳадаф аз ин барнома, омӯзиши арзишҳои башардӯстона монанди ҳамдилӣ нисбат ба ранҷе аст, ки дигарон бидуни таваҷҷуҳ ба боварҳои динӣ ва вобастагии нажодӣ таҷриба мекунанд.
Ин вазоратхона афзуд: ин барнома дар ҳимоят аз мавзеъи давлати Малайзия барои идомаи дифоъ аз ҳуқуқ ва озодии мардуми Фаластин тадорук дида шудааст.
Дар баёнияе, ки дар веб-сайти ин вазоратхона мунташир шуда, омадааст: пас аз дар назар гирифтани рӯйдодҳои ахир, барои огоҳсозии ин донишомӯзон, баргузории барномаҳое инчунин лозим аст.
Анвар Иброҳим, нахуствазири Малайзия гуфт: дар ин ҳафта донишомӯзон ташвеқ мешаванд, аммо маҷбӯр намешванд дар мавриди муноқишаи Фаластин ва Исроил бидонанд, зимни инки дастуруламалҳои барои риоят дар мадорис вуҷуд дорад.
Вай афзуд: ин як мавзӯъи марбут ба инсоният аст. Ман аз иқдоми вазири омӯзиш ва парвариш барои ташвеқи донишомӯзон ба пайгирии таҳаввулоти Фаластин ҳимоят мекунам. Ширкат дар ин барномаҳо иҷборӣ нест балки донишомӯзон барои мушорикат дар барномаҳо ташвиқ мешаванд.