Аз оғози ҳамалоти ваҳшиёнаи Исроил ба Ғазза ва талоши низомиёни артиши режими саҳюнистӣ барои нуфузи бештар ба ин минтақа, Ғазза дар ҳоли таҷрибаи як фоҷиаи инсонӣ аст.
Сухангӯи вазорати беҳдошти Ғазза дар гузорише эълом кард: ишғолгарон ҳамчунон қатлиомро яке пас аз дигарӣ дар манотиқи пур ҷамъият такрор мекунанд.
Артиши режими саҳюнистӣ дар 24 соати 15 қатли ом анҷом дода, ки 256 шаҳид натиҷаи он будааст. Теъдоди шуҳадо ба 9061 нафар расидааст, ки 3760 кӯдак ва 2326 зан ҳастанд.
Ин сухангӯ аз ҳамаи тарафҳо хост масири эманеро барои вуруди фаврии кумакҳои пизишкӣ ба Ғазза фароҳам кунанд. Вай таъкид кард: мо нисбат ба як фоҷиаи беҳдоштии қарибулвуқуъ дар натиҷаи таваққуфи кори генератори бемористони Аш-Шифо ҳушдор медиҳем.
Ташдиди ҳамалоти ҳавоӣ ҳамзамон бо пешравии заминӣ
Шиҳоб эълом кард ҳамзамон бо талоши неруҳои пиёдаи низомии артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ барои пешравӣ дар Ғазза, ҷангандаҳои он низ вориди амал шуда ва чанд ҳамларо ба манотиқи даргири заминӣ анҷом доданд.
Ал-Қисом эълом кард, ки ду ҷангафрӯзи дигари душмани саҳюнистиро дар шарқи маҳаллаи зайтун дар Ғазза мунҳадим кардааст.
Ҳамчунин хабарнигори Алҷазира аз ҳамлаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба урдугоҳи Ҷиболиё барои севумин бор хабар додааст.
Шаҳодати даҳҳо ғайринизомӣ дар бомбаборони як мадраса
Хабаргузории Шиҳоб эълом кард, ки ҷангандаҳои режими кӯдаккуши саҳюнистӣ мадрасаи "Абу Осӣ" дар урдугоҳи "Аш-Шотӣ" дар ғарби шаҳри Ғаззаро бомбаборон карданд.
Тибқи ин гузориш, ин мадраса маҳалли паноҳи оворагон аст ва ин ҳамла сабаби ба шаҳодат ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо ғайринизомӣ шудааст. Алҷазира дар гузориши худ гуфтааст, ки артиши ишғолгар бомбаҳои фосфориро ба самти мадрасаи УНРВА шиллик мекунад.
Бурҷи маҳалли истиқрори хабарнигорон ҳадафи ҳамлаи Исроил
Расонаҳои фаластинӣ аз ҳадафгирии бурҷи Ал-Ғофирӣ, дар ғарби Ғазза, ки маҳалли истиқрори хабарнигорон аст тавассути ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ хабар доданд.
Вазъияти фоҷиабори бемористонҳои Ғазза
Вазорати беҳдошти Ғазза эълом кард: генератори аслии бемористони Индонезия мутаваққиф шуд ва бахшҳои зиёде аз бемористон аз кор афтодааст.
Танҳо бемористони ироа диҳандаи дармони саратон дар ин минтақа низ аз чаҳоршанбе шаб ба далели камбуди сӯхт таътил шудааст.
Танҳо бемористони ироаи диҳанда дармони саратон дар ин минтақа низ аз чаҳоршанбе шаб ба далели камбуди сӯхт таътил шудааст.