IQNA

Сураҳои Қуръон / 102

Тарсими мусобиқаи беарзиши инсонҳо дар сураи Такосур

20:17 - November 04, 2023
рақами хабар: 660
Теҳрон (ИКНА) инсонҳо барои доштани эҳсоси бартарӣ нисбат ба дигарон талош мекунанд амвол ва дороиҳои худро афзоиш диҳанд; Ин талошҳо боис мешавад, ки инсон бидуни инки бихоҳад вориди як мусобиқа шавад; Мусобиқаи беарзиш, ки инсонро аз ҳадафи асли дур мекунад.

Саду дувумин сураи Қуръони Карим “Такосур” ном дорад. Ин сура бо 8 оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. “Такосур”, ки аз сураҳои макӣ аст, дар тартиби нузул, шонздаҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.

Калимаи “Такосур”  ба маънои фахрфурӯшӣ дар моландӯзӣ ва бузургӣ аст, ки ин калима дар ояти аввал омадааст ва барои ҳамин ин сураро Такосур номидаанд.

Калимаи такосур ду бор дар Қуръон омадааст; Дар ояти аввали сураи Такосур ва ҳам дар ояти 20 сураи Ҳадид. Дар бархе тафосир “Такосур”- ро дар маънои идома доштани чизе гирифтаанд. Бар ин асос ончи дар сураи Такосур мавриди сарзаниш қарор гирифта, идома додани фахр фурӯшӣ ва мусобиқа барои ҷамъкардани мол ва ба дастовардани мавқеияти иҷтимоӣ аст.

Мӯҳтавои ин сура сарзаниши афроде аст, ки ба далели масоили беарзиш бо якдигар рақобат мекунанд; Сипас дар мавриди масъалаи рӯзи қиёмат ва оташи дӯзах ҳушдор медиҳад ва ёдовар мешавад, ки дар рӯзи қиёмат дар мавриди неъматҳое, ки дар ихтиёри инсонҳо қарор дода шуда, мавриди савол қарор мегиранд.

Сураи Такосур мардумро ба далели мусобиқа дар ҷамъкрдани мол ва фарзанд ва ёрон ва ҳамроҳон сарзаниш мекунад; Рафторе, ки ононро аз Худо ва хушбахтии воқеӣ саодати воқеӣ дур мекунад. Ин сура ҳамчунин таҳдид мекунад чунин афроде хеле зуд натиҷаи ин саргармиҳои беҳудаи худро мебинанд ва дар ояндаи наздик дар мавриди неъматҳое, ки дар ихтиёри онон гузошта шуда, мавриди савол қарор мегиранд.

Ин сура ишора ба қабилаҳое дорад, ки барои нишон додани бартарии худ ба дигарон, мол ва дороӣ ва ҷамъияти қабилаи худро мешумурданд ва ба ин масъала ифтихор мекарданд. Ҳатто барои боло бурдани теъдоди нафароти қабила, ба қабристон ме‏рафтанд ва қабрҳои мурдагони ҳар қабиларо ме‏шумурданд.

Тибқи ончи дар ин сура омада, ин саргармӣ ва мусобиқаи беҳуда боис мешавад то инсон аз ёди Худо, рӯзи қиёмат ва ҳадафи аслии инсон дур шавад.

Бархе аз муфассирон ин ду оятро такрор ва таъкиди як матлаб донистаанд ва ҳар ду аз азобҳое, ки дар интизори инсонҳои мағрур аст, хабар медиҳад.

Дар ҳоле, ки баъзе муфассирон аввалин оятро ишора ба азоби қабр ва азобҳое, ки инсон баъд аз марг бо он рӯбарӯ ме‏шавад донистаанд , ва дувумиро ишора ба азоби қиёмат.

Аз ин сура метавон ба ин натиҷа расид, ки далели аслии ғурур ва худнамоӣ нодонӣ нисбат ба подош ва азоби илоҳӣ ва надоштани имон ба рӯзи қиёмат аст. Ҳамчунин инсонҳо замоне, ки бо шикаст ва заъф рӯбарӯ мешаванд, ба самти фахрфурӯшӣ ва ғурури дурӯғин мераванд.

 

captcha