Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари оятуллоҳи Хоманаӣ раҳбари инқилоби исломии Эрон, пеш аз зӯҳри имрӯз душнба, дар дидори оқои Муҳаммад Шияъ Ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ ва ҳайати ҳамроҳ, бо қадрдонӣ аз мавозеъи хуб ва қавии давлат ва миллати Ироқ дар ҳимоят аз мардуми Ғазза, бар лузуми афзоиши фишорҳои сиёсии дунёи Ислом ба Амрико ва режими саҳюнистӣ барои таваққуфи куштори мардуми Ғазза таъкид карданд ва гуфтанд: кишвари Ироқ ба унвони як кишвари муҳим дар минтақа, метавонад дар ин замина нақши вижае дошта бошад ва як хатти ҷадидро дар дунёи Араб ва ҷаҳони Ислом ба вуҷуд биёварад.
Ишон бо ишора ба авзоъи ғамангези Ғазза ва ҷариҳадор шудани дилҳои ҳамаи инсонҳои озода аз ин ҷиноёт ва қасоватҳо хотирнишон карданд: аз ҳамон рӯзҳои аввали ҳамалоти режими саҳюнистӣ тамоми қароин ва шавоҳид нишондиҳандаи дахолати мустақими Амрикоиҳо дар идораи ҷанг аст ва ҳарчи аз ин ҷанг мегузарад, далоили нақши мустақими Амрико дар ҳидояти ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ қавитар ва пуррангтар мешаванд.
Раҳбари инқилоби исломии Эрон афзуданд: агар кумакҳои таслиҳотӣ ва сиёсии Амрико набошад, кор барои режими саҳюнистӣ қобили идома додан нахоҳад буд. Ва Амрикоиҳо ҳаққан ва инсофан шарики ҷурми саҳюнистҳо дар ҷиноёти Ғазза ҳастанд.
Ишон таъкид карданд: ба рағми ҳамаи кушторе, ки дар Ғазза анҷом мешавад, режими саҳюнистӣ то алон шикастхӯрдаи воқеӣ дар ин моҷаро аст зеро натавониста обрӯи аз даст рафтаи худро бозгардонд ва дар оянда ҳам қодир ба ин кор нахоҳад буд.
Раҳбари инқилоби исломӣ лузуми талоши ҳамаҷониба барои афзоиши фишорҳои сиёсӣ ба Амрико ва режими саҳюнистӣ ба манзури таваққуфи бомбаборонҳо дар Ғаззаро мавриди таъкид қарор доданд ва гуфтанд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ бо ҳамоҳангии якдигар метавонанд дар ин замина нақшофарин ва таъсиргузор бошанд.
Дар ин дидор, ки ҳуҷҷатулисломи валмуслимин Раисӣ, раиси ҷумҳур низ ҳузур дошт, оқои Муҳаммад Шияъ Ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ бо ибрози хурсандии фаровон аз дидор бо раҳбари инқилоби исломӣ, амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсоро"-ро як амалиёти қаҳрамонона ва мӯҷиби хушҳолии ҳамаи озодагони ҷаҳон донист ва афзуд: дар канори ин хушҳолӣ, ҳамаи мо аз куштори ваҳшёна дар Ғазза, ки як интиқоми ҷамъӣ аз мардуми ин минтақаи кӯчак аст, ба шиддат андӯҳгин ҳастем.
Нахуствазири Ироқ хотирнишон кард: давлат ва миллати Ироқ ва ҳамчунин ҷараёнҳои сиёсии дохилӣ, дар қазияи Ғазза дар сафи аввали ҳимоят аз мардуми мазлуми ин минтақа ҳастанд ва давлати Ироқ талошҳои сиёсии густурдаеро барои таваққуфи ҷиноятҳо дар Ғазза анҷом додааст.