Саду панҷумин сураи Қуръони Карим “Фил” ном дорад. Ин сура бо 5 оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. “Фил”, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, нуздаҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Ин сура “Фил” номида шуда чаро, ки ба достони «гурӯҳи фил» ишора кардааст. Гурӯҳе, ки савор бар филҳо шуданд то Каъбаро хароб кунанд.
Ин сура ишора ба достони таърихи маъруфе дорад, ки Худованд хонаи Каъбаро аз дасти лашкари куффоре, ки аз сарзамини “Яман” савор бар “Фил” омада буданд, наҷот дод. Ёдоварии ин достон ҳушдоре аст ба душманони мағрури Ислом, ки бидонанд дар баробари қудрати Худо камтарин қудрате надоранд.
Касе, ки мехостанд Каъбаро вайрон кунад, шахсе ба номи “Абраҳа”, подшоҳи Яман буд. Вақте Абраҳа дар Яман қудрат гирифт, мутаваҷҷеҳи ҷойгоҳи муқаддас ва муҳимми Макка шуд ва медид, ки чигуна мардум аз шаҳрҳои мухталиф ба ин шаҳр мераванд ва ӯ иллати онро хонаи Каъба медонист, барои ҳамин калисои бузург ва зебое сохт то алоқамандон ба Каъбаро ба онҷо бикашонад, аммо мардум аз он калисо истиқбол накарданд барои ҳамин теъдоди зиёде фил ҷамъ кард ва ба ҳамроҳи тарафдоронаш ба самти Макка ҳаракат кард то ба наздикии Макка расид. Мардуми ин шаҳр вақте лашкари Абраҳаро диданд тарсиданд ва шаҳрро холӣ карданд.
Субҳ, замоне, ки Абарҳа омодаи ҳаракат ба самти Каъба буд, теъдоди зиёде аз парандагон ба самти онҳо парвоз карданд дар ҳоле, ки дар минқор ва чанголашон санг доштанд. Парандаҳо сангҳое, ки доштандро бар сари лашкари Абраҳа рехтанд. Тибқи ончи дар китобҳои таърихӣ омада, ҳеҷ санге бар замин намеафтод магар онки ҳадафро сӯрох мекард, ба шиками касе бар нахӯрд магар онки порааш кард, ва ба устухоне бар нахӯрд магар онки онро шикаст. Бар сар ва бадани Абраҳа низ онқадар санг хӯрд, ки баднаш аз ҳам пошида шуд.
Гуфта шуда ин иттифоқ дар соли 570 мелодӣ будааст ва онро “Соли Фил” номидаанд; Соле, ки ҳазрати Муҳаммади Мустафо (Салаллоҳу Алайҳи ва Олиҳ) дар он сол ба дунё омадааст.