Саду ҳафтумин сураи Қуръони Карим “Моъун” ном дорад. Ин сура бо ҳафт оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. “Моъун”, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, ҳабдаҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
“Моъун”-ро мол ва сарват, васоили мавриди ниёз ё «закот» маъно кардаанд. Ин калима дар ояти поёнии ин сура омада ва далели номгузории ин сура ба “Моъун” шудааст.
Ин сура таҳдиди касоне аст, ки худро мусулмон муаррифӣ кардаанд, аммо рафторҳои мунофиқона ва дӯру доранд; Монанди нахондани намоз, дӯруӣ дар анҷоми корҳо, надодани закот, ки ҳеҷ кадом бо доштани имон ба рӯзи қиёмат созгор нест.
Дар ин сура сифатҳо ва рафторҳои инкоркунандагони рӯзи қиёмат дар панҷ марҳила баён шудааст; Аз бахшиш дар роҳи Худо ва кумак ба ятимон ва заифон дӯрӣ мекунанд ва ба намоз бетаваҷҷуҳ ҳастанд ва дар корҳояшон дӯруӣ доранд ва ба ниёзмандон кумак намекунанд.
Ин сура бо ояти أَ رَءَیْتَ الَّذِى یُکَذِّبُ بِالدِّینِ: ”Оё касе, ки ҳамвора рӯзи ҷазоро инкор мекунад, дидӣ?” оғоз шуда, ки хитоб ба Паёмбари Ислом (с) аст.
Дар ин оят дар мавриди маънои калимаи «Дин» ихтилофи назар вуҷуд дорад; Бархе онро рӯзи қиёмат медонанд ва бархе онро подош ё муҷозоти корҳо медонанд. Бинобар ин корҳои касоне мавриди интиқод қарор гирифтааст, ки эътиқоде ба рӯзи қиёмат ва ё подош ва муҷозотҳои илоҳӣ надоранд ва корҳои нодурусте анҷом медиҳанд. Ин сура дар идома, ба корҳои нодурусти инкоркунандагони рӯзи қиёмат ишора мекунад. Ба назар мерасад касоне, ки ба рӯзи қиёмати эътиқоде надоранд рафтор ва ахлоқи муносибе низ надоранд чаро, ки зиндагиро дар ҳамин дунё мебинанд ва ниёзе ба талош барои расидан ба хушбахтӣ дар дунёи дигар надоранд барои ҳамин даст ба корҳое мезананд, ки аз назари ахлоқӣ ва динӣ дуруст нест.