IQNA

Дар сӯҳбати Қуръон / 3

Гӯшаҳое аз достони ҳазрати Марям (рз)

19:02 - November 11, 2023
рақами хабар: 690
Теҳрон (ИКНА) сураи Марям вазн ва оҳанг ва ҳол ва ҳавои хоссе дорад, ки аз оғоз то поён ҳифз шудааст, чунонки хондани ҳар оят тааллуқи онро ба ин сура нишон медиҳад.

Оёти 16 то 34 сураи Марям (рз), тамоми достони ҳазрати Марям (рз) ва Исоро аз оғоз то поён баён мекунад. Як достони баланд ва шукӯҳманд, ки дар як сафҳа аз сураи Марям омадааст, аммо маҷмӯаи нукоти марбут ба он метавонад китоберо ба худ ихтисос диҳад.

Хулосаи достон чунин аст, ки рӯзе Марям дар аҳволи рӯҳонии худ, дӯр аз чашми мардумон хилват карда буд. Худованд Рӯҳул-Амин (ва Рӯҳул-Қудус ё Ҷабраил)-ро дар сурати башари зебо ва баландқад ба сӯи Марям фиристод.

Марям (рз) аз дидани ӯ бисёр тарсид ва гумон кард, ки бегонае омада ва чун ҳиҷобе надошт, нигарон шуд, ки мабодо қасди баде дошта бошад. Пас гуфт: ман паноҳ мебарам ба Худои Меҳрубон, ки ту ҷавони пок ва парҳезгор бошӣ. Рӯҳ гуфт: ман расуле аз ҷониби Парвардигор омадаам, ки ба ту писари пок ва парҳезгор ҳадия кунам. Марям, ки аз покии худ итминон дошт, гуфт: чигуна соҳиби писаре шавам, дар ҳоле, ки ҳеҷ марде бо ман омезиш надошта ва ман ҳеҷгоҳ духтаре набудаам, ки кори нописанд анҷом диҳам.

Рӯҳ гуфт: Парвардгорат мефармояд, ки ин кор барои Худованд бисёр саҳл аст, ки бидуни муқаддимоти маъмул, ба ту писаре ато кунад ва Худованд мехоҳад, ки ин фарзанди туро яке аз мӯъҷизоти илоҳӣ қарор диҳад то раҳмате бар ҳамаи мардумон бошад ва ин кор бегумон рух хоҳад дод.

Бадин сурат Марям (рз) аз он Рӯҳ бордор мешавад ва ба ҷои дӯрдаст аз мардум паноҳ мебарад, ки осори ҳомилагии ӯ пинҳон бошад. Дар ҳангоми зоиш, Марям аз шиддати дард ба танаи дарахти хурмое паноҳ мебарад ва мегӯяд: эй кош пеш аз ин мурда будам ва чунин рӯзи сахтеро надида будам ва эй кош ном ва нишоне аз ман дар олам набуд.

Дар ин ҳол нидое мешунавад: “Андӯҳгин мабош, ки Худованд дар зери пойи ту наҳри обе ҷорӣ кардааст”. Танаи Хурморо такон бидеҳ то хурмои тоза ба поият бирезад. Агар касе назди ту омад, ба ишора бигӯ: ман имрӯз назри рӯзаи забон кардаам ва бо ҳеҷ кас сухане намегӯям. Онгоҳ Марям, дар ҳоле, ки Исоро дар оғӯши худ ҳамл мекард, ба ҷониби қавми худ баргашт.

Онҳо гуфтанд: эй Марям, кори шигифте анҷом додӣ! Эй хоҳари Ҳорун, падар ва модарат инсонҳои нодуруст ва нобакоре набуданд.

Марям дар ҳоле, ки рӯзаи сукут дошт, ба кӯдаке ишора кард, ки саволи худро аз кӯдак бипурсанд. Онҳо гуфтанд: чигуна мо бо тифли ширхор сухан бигӯем?

Аммо тифл ногоҳ ба садо даромад ва гуфт: ман бандаи Худо ҳастам, ки саҳифаи осмонӣ ба ман ато шуда ва дар шумори Паёмбарон ҳастам. Худованд маро чунон офаридааст, ки ҳар куҷо бошам, қадамам фархунда ва муборак бошад ва Парвардигорам маро сифориш кардааст, ки то ҳангоме, ки зиндаҳастам, суннати намоз ва закот ба ҷой оварам ва модарамро некӯӣ ва эҳтиром кунам ва Худованд маро инсони ҷаббор ва бераҳм ва сангин дил қарор надодааст.

Ба лутфи Ӯ ҳангоме, ки ба дунё омадам бар ман дуруд ва саломат аст ва ҳангоме, ки аз ин ҷаҳон биравам, дуруд ва салом хоҳад буд ва низ дар он рӯз, ки дубора дар арсаи қиёмат зинда шавам, таҳаият ва саломи илоҳӣ ҳамроҳи ман хоҳад буд.

Дар инҷо Худованд мефармояд: “Агар дар достони зиндагии Исо шак ва тардид ва рад ва инкоре доред, бидонед, ки ҳақиқати достон ҳамин аст, ки Парвардигоратон баён кардааст ва он Худои Субҳон ҳаргиз касеро ба фарзандӣ нагирифта ва хилқати Ӯ чунон аст, ки ҳаргоҳ чизеро ирода кунад, ба сирфи онки бигӯяд «Бош», он чиз мавҷуд мешавад.

Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.

captcha